Таҷлили ҷашни «Рӯзи Модар» дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ

 

Санаи 7 марти соли 2023 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва корманд-занони дастгоҳи марказии Хадамот ширкат варзиданд.

Чорабинии идонаро сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оѓоз бахшида, тамоми бонувони Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрик намуда, зимни суханрониаш доир ба ғамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри баланд бардоштани мақому мартабаи корманд-занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад. Зеро дар ҳама давру замон занон бо хислати наҷиби тарбиятгарии худ, раҳму шафқат, меҳрубонӣ ҳамеша ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдат, дўст доштани Ватан, ва ба кору амалҳои неку созанда даъват мекарданд ва имрўз низ, ин рисолатро онҳо ба зимма доранд.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

«Мо ифтихор мекунем, ки Шумо бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда, баробари мо мардон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату миллат саҳмгузорӣ менамоед»-таъкид дошт генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода.

Дар идомаи чорабинии мазкур, ҳамзамон дигар кормандони масъули Хадамот суханронӣ намуда, аз мартабаю манзалати зан-модар ситоиш намуданд.

Таъкид гардид, ки дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бонувон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият намуда, дар пешрафти коргоҳ саҳми босазои худро мегузоранд.

Сипас аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба корманд-занони Хадамот аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамот медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаву Сипоснома ва мукофотпулиҳо тақдим карда шуданд.

Расми хотиравии иштирокчиёни чорабинӣ дар саҳни бинои Хадамот ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.