24 Апрел, 2024

Талаботи шиносномадорӣ дар вохӯрӣ бо сокинон

 

Дар муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии судманди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид. Дар он муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ майори милитсия Чаман Қаҳҳорова, роҳбарону намояндагони 25 маҳалла, 5 корхонаи воҳиди давлатии манзилию хизматрасон ва фаъолону сокинони ноҳияи мазкур, инчунин омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуданд.

Муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон, шароитҳои хуби муҳаёгардидаи илмомӯзиву соҳибкасб гардидан, худшиносиву Ватанпарварии ҷавонон суханронӣ намуд. Номбурда қайд кард, ки: «Шумо ҷавонон неруи бузургу пешбарандаи давлату миллат мебошед. Имрӯз роҳбарияти олии мамлакат барои рушду пешрафти ҷавонон тамоми имкониятҳоро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд баҳри ояндаи пешрафта, оромиву осоиштагии халқ ва ҳифзи марзу буми аҷдодиамон бо донишу идрок ва ҳисси баланди Ватандорӣ саҳмгузор бошем».

Сипас, сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба иҷроиши раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 суханронӣ намуд. Мавсуф зимни баромад оид ба мазмуну муҳтавои қонунҳои болозикр, зарурати қабул ва вобаста ба иҷроиши онҳо корҳои басомонрасонидаи масъулини бахшҳои шиносномавӣ, шароити хуби қабули шаҳрвандон дар хадамотҳои шиносномадиҳӣ баромади пурмӯҳтаво намуд.

Ҳамзамон, сардори ХШБ ШВКД дарноҳияи Исмоили Сомонӣ майори милитсия Чаман Қаҳҳорова зимни баромада гуфт, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ-и ин ноҳия қонуну қарорҳои амалкунандаи Ҳукумати мамлакат ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо донишу малакаи касбӣ вазифаҳои базиммадоштаашонро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Инчунин, мавсуф оид ба тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бори аввал гирифтани шиноснома ва ё ивази он, ҳолатҳои фарсудаву корношоям гардидан, сари вақт ба қайд гузоштану аз қайд баровардани шаҳрвандон ҳангоми омадурафт аз ҷойи зист, хонандагоне, ки акнун ба 16-солагӣ расидаанд, сари вақт гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ ва тибқи қонунгузорӣ сабукиҳои воридгардидаро ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки мо дар ҳамбастагӣ бо раисону фаъолони маҳаллаҳо бояд бештар миёни мардум суҳбату вохӯрӣ доир намуда, оид ба бартараф намудани мушкилоти онҳо корбарӣ намоем.

Дар интиҳо вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида ва имкониятҳои сари вақт бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта саволу пешниҳодҳо ироа гардид ва масъулинин ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.


Раҷаббек ИЛЁСОВ