19 Апрел, 2024

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ

 

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ кормандони шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ ба корхонаю идора, бозору нуқтаи савдо ва тарабхонаю меҳмонхонаҳо, ки дар он ҷо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият менамоянд, ташриф оварда, доир ба риояи қоидаҳои будубош ва ҳуҷҷатгузорӣ корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ мебаранд.

Ҳафтаи сипаригардида, кормандони шуъбаи мазкур дар бозори «Сафариён»-и шаҳри Душанбе бо гурӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки тибқи иҷозатнома дар нуқтаҳои савдои бозор кору фаъолият доранд, суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.

Сардори шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷӣ полковники милитсия Рустам Туразода зимни баромади хеш қайд намуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои иқомат ва фаъолияти худ пеш аз ҳама ҳуҷҷатгузории дуруст дошта бошанд, дар кадом касбу кор фаъолият накунанд, риояи қонунҳои ҷорӣ ва қоидаҳои давлати будубош  уҳдадории аввалиндараҷа ҳисоб меёбад. Шаҳрвандони хориҷиро зарур аст, ки оид ба талаботи қонунҳои давлати будубош огаҳӣ дошта бошанд ва тибқи он амал намоянд.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъулини шуъба доир ба масъалаҳои дигаре, ки ҳангоми фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба миён меоянд, аз нигоҳи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшанӣ андохтанд.

Х. Солиҳӣ