24 Апрел, 2024

Вохӯрии судманд дар вилояти Суғд

 

Ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сафари хизматӣ қарор дошта, дар ҷойҳо бо сокинон, намояндагони ҷамоати шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ вохӯриҳои судманд доир намуда истодаанд.

Аз ҷумла, имрӯз сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳ.С. дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ, кормандони масъули мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар идораҳои марбута чунин як вохӯрӣ анҷом дод.

Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки баҳри таъмини шаҳрвандон барои иваз кардани шиносномаи  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 чораандешӣ карда шуда, шароитҳои зарурӣ барои таҳияи саривақтии шиноснома дар тамоми воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ муҳайё аст.

ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон