19 Апрел, 2024

Шиноснома – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият

 

Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таҳти сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД дар баробари дигар идораву сохторҳои қудратии кишвар, сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он низ мукаммал ва ба як ниҳоди пуриқтидори давлатӣ мубаддал гардид.

Бояд қайд кард, ки миёни дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ низ як ҷузъи пешбари самти фаъолият ба шумор меравад ва бо мақсади боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ин самти фаъолият, бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ин ҷузъи ҷудонашавандаи мақомоти корҳои дохилӣ як воҳиди муҳиму пешбари самти худ гардидааст.

Баробари дигар кишварҳои ҷаҳон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то таъсис ёфтани бахши шиносномадиҳӣ, ҳар гуна ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мисли “китобчаи шиноснома”, “гувоҳномаи иқомат”, “шаҳодатномаи таваллуд”, “шаҳодатномаи сафарӣ”, “ҳуҷҷатҳои мандатӣ” ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо бо сабти ному насаб ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият истифода бурда мешуд.

Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон чорабинӣ бахшида Рӯзи шиноснома бо иштироки собиқадорони соҳа, меҳмонон ва ҳайати шахсӣ бургузор гардид.

Сараввал, сардори Хадамоти мазкур подполковники милитсия Раҳмонзода Амирхон ҳозиринро бо ин санаи фархунда муборакбод гуфта, иброз дошт, ки кормандони бахши мазкур баҳри иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, сари вақт бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани шаҳрвандон ва дигар уҳдадориҳои хизматие, ки ба самти фаъолият вобаста мебошанд, донишу малакаи касбии худро равона менамоянд.

Мавсуф иброз дошт, ки гарчанде ХШБ дар замони таъсисёбӣ ҳамчун як шуъбача ва баъдан дар ҳайати дигар бахшҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин чанд маротиба бо тағйири ном ҳамчун як воҳиди алоҳида фаъолият карда бошад ҳам, аммо бо зарурати талаботи замон ва муҳиммияти ин самти фаъолият, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2011 таҳти №151-6 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №598-20 дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди нав “Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ” таъсис ёфт, ки тибқи Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2011, таҳти №10 б/з Низомномаи он тасдиқ гардидааст.41

Сипас муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Зикрулло Ҳукуматулло аз номи роҳбарияти вазорат ва роҳбарияти раёсат ҳамаи кормандони ин ниҳодро бо Рӯзи шиноснома табрик гуфта, қайд намуд, ки миёни дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ низ як ҷузъи пешбари самти фаъолият ба шумор меравад ва баҳри пос доштани волоияти қонун, иҷрои саривақтии вазифаҳои ба дӯшдошта, ошкору пешгирии қонуншиканӣ ва ҳифзи оромиву осоиштагии Ватани азизамон камари ҳиммат баста, ҳамеша ба Савганди ёднамудаашон содиқ мебошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор собиқадорон ва кормандон Сипосномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.

Офоқ Қодириён, полковники милитсия