28 Январ, 2023

Дарси озод дар ХШБ РВКД вилояти Суғд

 

Тибқи нақшаи гузаронидани машғулиятҳои хизматӣ моҳи декабри соли 2022 дар толори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби сардори факултети 4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковники милитсия Гафури М. дарси озод дар мавзӯи “Шаклҳои давлатдорӣ ва сохти идоракунии он” гузаронида шуд.

Баромадкунанда дар доираи мавзӯи зикргардида аз таърихи пайдоиши давлатдорӣ, шаклҳо ва сохти идоракунии он дар замони муосир шарҳи мухтасар дод.

Ҳамчунин, байни иштирокчиён ва маърӯзадор саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳо посухҳои мушаххас манзур карда шуд.