20 Апрел, 2024

Саҳми Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар хизматрасонӣ ба мардум

 

Санаи 27-уми декабри соли равон бахшида ба Рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ дар мавзӯи «Саҳми Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар хизматрасонӣ ба мардум» конференсия баргузор гардид.

Ҷаласа бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори ХШБ ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Маҳмадалӣ Мусозода, роҳбарият ва собиқадорони ниҳод, сардорони бахшҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, минтақа ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ доир гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавиро муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Акбар Насимзода оғоз намуда, роҳбарият ва кормандону собиқадорони ХШБ-ро аввалан аз номи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо «Рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ» муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, хонаободӣ ва дар ҷодаи кору фаъолияти пуршарафашон комёбиҳо таманно намуд.

Мавсуф аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, шароити хизматии муҳайёгардида, саъю кӯшишҳои пайвастаи вазири корҳои дохилӣ баҳри пешрафти самти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, зикр кард: «Имрӯз роҳбарияти олии мамлакат баҳри ҳамаҷиҳата таъмин гардидану пуриқтидории сохтори мақомоти корҳои дохилӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ин дастгириҳо бо дасту дили пок ва содиқ ба Савганди ёднамудаамон вазифаҳои дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро намоем.

Шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус кормандони бахшҳои шиносномавӣ, ки ҳамеша ва ҳамарӯза бо мардум дар робита ҳастед, кӯшиш кунед, ки эътимоди мардумро сазовор бошед, зеро ин обрӯ ва эътибори мост, – афзуд баромадкунанда.

Сипас, сардори ХШБ генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода дар навбати худ, тамоми кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва дар шахсияти онҳо, кулли он нафаронеро, ки тӯли солиёни зиёд дар пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД содиқонаву сарбаландона хизмат намуданд, ба муносибати “Рӯзи ҷорӣ шудани низоми ягонаи шиносномавӣ” самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дар ин пешаи пуршарафу боифтихор барору комёбӣ таманно намуд.

Сардори хадамот зимни суханронӣ аз таърихи рангину пурғановати бахши шиносномавӣ, таъсисёбӣ ва саҳмгузорони ин ниҳод, нақши собиқадорони ХШБ дар пешрафту дастовардҳои самти фаъолият дар даврони соҳибистиқлолӣ, шароити муҳайёгардидаи хизматии бахшҳои шиносномавӣ, аз қабили ҳуҷраҳои кории замонавӣ, техникаву таҷҳизоти хизматии муосир таъмин гардидан ва шароити хуби қабули шаҳрвандон бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуд.

Мавсуф қайд кард, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои пайвастаи вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо мурури замон ХШБ аз як шуъба ба як воҳиди пуриқтидор табдил ёфта, кормандони он дар пешрафти самти фаъолият нақши назаррас доранд.

Инчунин, муовини роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз фаъолияти пурсамару масъулиятноки кормандони бахши шиносномавию бақайдгирӣ сухан намуда, илова намуд: «Имрӯз шумо кормандони бахши шиносномавию бақайдгирӣ дар худшиносиву хештаншиносӣ ва таҳкими ҳисси ватандории ҳар як насли ҷавон, ки аввалин маротиба соҳиби шиноснома мегардад ва бо ифтихор онро сари сина гирифта, мегӯяд: «Ман ватандорам!» нақши бориз мегузоред.

Бигзор, минбаъд низ ҳар яки шумо бо кору пайкори неку содиқонаатон дар рушду пешрафти Ватанамон, оромиву осоиштагии давлату миллат ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандорӣ саҳмгузор бошед».

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ собиқадорони ниҳод Зумрад Абдуллозода, Екатерина Смолякова, Саидбурҳон Раҷабов ва дигарон зимни табрикоти хеш аз шебу фароз ва таҷрибаи андӯхтаи кору фаъолияти худ, инчунин нозукиҳои касби пешанамудаашон ибрози андеша намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи хотирмон табрику таҳният гуфтанд.

Дар қисмати хотимавии чорабинии тантанавӣ бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказии ХШБ ва воҳидҳои поёнии он барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо медалҳои «Барои саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», «Барои садоқат», «Барои хизматҳои шоён», нишонҳои сарисинагии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии милитсия», «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои хизматҳои аъло дар ВКД» ва Ифтихорномаи фахрӣ, инчунин бо фармоиши ХШБ ВКД як қатор кормандони ниҳод бо «Раҳматномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД» қадрдонӣ шуданд.

Дар интиҳои чорабинии тантанавӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бори дигар кулли кормандону собиқадорони ниҳодро бо ин рӯзи хотирмон ва фарорасии соли нави мелодӣ самимона табрик гуфта, барояшон сиҳативу саломатӣ, рӯзгори обод, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, файзу баракати зиндагӣ ва хушиҳои ҳаётро орзу намуд.

 

Раҷаббек ИЛЁСОВ