Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ

6-уми декабри соли 2022 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсоз таҳти раёсати муовини аввали Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Александр Горовой баргузор шуд.

Дар рафти ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс баромад намуда, зикр кард, ки “Танзими равандҳои муҳоҷират ҳалли аксаран мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем.

Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои асосии фаъолияти муштарак мебошанд”.

Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои узви СААД, чораҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати кишварҳои узви СААД ва натоиҷи чорабинии “Нелегал-2022” баррасӣ шуданд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ протоколи дахлдор имзо карда шуд.

Гул Маҳбуба