19 Апрел, 2024

Донистани санадҳои ҳуқуқӣ боиси пешрафти кор аст!

Роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, бештар огоҳӣ пайдо намудан аз рафти иҷрои қонуну қаррорҳои амалкунандаи кишвар, инчунин мавриди омӯзиш қарор додани онҳо бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи хадамоти мазкур пайваста барои кормандони бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ҳайати шахсии ин ниҳод семинар-машваратҳои омӯзишӣ доир менамояд.

Дар ин асно, ҳафтаи сипаригардида чунин семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи «Фаъолияти хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ, ҳамкории байни идораҳои масъул дар самти шиносномавию бақайдгирӣ, баррасии мушкилоти ҷойдошта ва муайян намудани роҳҳои ҳалли онҳо» барои сардорону масъулини бахшҳои шиносномадиҳии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии омӯзишӣ сардори ХШБ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, намояндагони Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, мутахассисони Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ва Раёсати таҳқиқи ВКД, шуъбаҳои кори шиносномадиҳӣ, шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон, кори раводиду бақайдгирӣ ва бюрои суроѓавӣ-маълумотдиҳии ХШБ, инчунин ҳамоҳангсози лоиҳа – Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Нахуст, сардори ХШБ генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода зикр кард, ки мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ пеш аз ҳама омӯзиш ва мавриди иҷро қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки самти фаъолияти соҳаро ба танзим медарорад, равона гардидааст.

Мавсуф оид ба фаъолияти хизматии бахшҳои шиносномадиҳӣ, боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд бо мақомоти дахлдори самти хизмат, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми таҳияи шиноснома ва ҳуҷҷатгузории соддакардашуда барои дастрасии он, дуруст ба роҳ мондани иҷрои саривақтии протоколҳои маъмурӣ тибқи қонунгузорӣ, инчунин сари вақт ва дуруст ба қайд гирифтани варақаҳои бақайдгирии шаҳрвандон суханронӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори раёсати САҲШ Вазорати адлия Ифтихор Самадзода оид ба ивази ному насаб аз рӯи анъанаҳои миллӣ, сабти шаҳодатномаҳои таваллуд, инчунин мутахассиси Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Фирдавс Қобилзода вобаста ба таҳияи шиносномаи шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ, муҳлати баррасии онҳо ва тарзи интиқоли маълумот аз ҷониби шуъбаҳои шиносномавию бақайдгирӣ изҳори андеша намуданд.

Сипас, мутахассисони СМИТ ва Раёсати таҳқиқи ВКД вобаста ба тартиби оѓоз ва пешниҳод намудани дархостҳо, парвандаҳои маъмурӣ нисбати шахсони аз алимент саркашикунанда, парвандаҳои кофтуковӣ нисбати шахсони аз давлат қарздор, фаъолият дар самти амалияи маъмурӣ баромад карданд.

Дар идомаи кори семинар-машварат сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» маърӯза намуда, қайд кард, ки бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва доир намудани вохӯриҳои судманд дар шаҳраку ҷамоатҳо байни шаҳрвандон рафти иҷрои қарори мазкур боз ҳам тақвият меёбад.

Сардори шуъбачаи шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ подполковники милитсия Саид Давлатзода вобаста ба «Татбиқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо ва барасмиятдарории шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ѓайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» бо маърӯза баромад намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамоҳангсози лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» Екатерина Смолякова дар бораи «Меъёрҳои байналмилалӣ оид ба бешаҳрвандӣ. Натиҷаҳо ва мушкилот дар фаъолият вобаста ба лоиҳаи «Пешгирӣ ва ихтисори бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бақайдгирии таваллуди кӯдакон ва кор бо шахсоне, ки таҳти амали қонуни авф қарор мегиранд» бо намоиши слайд доир ба корҳои баанҷомрасонидаи бахшҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру вилоятҳои манотиқи ҷумҳурӣ маълумот дод.

Дар рафти баррасии ҳар як мавзӯъ байни баромадкунандагону иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, баҳри боз ҳам тақвият бахшидан ба самти фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби мутахассисони соҳа таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Дар фарҷоми семинар-машварати омӯзишӣ иштироккунандагон ташкилва баргузории чунин чорабиниҳои омӯзиширо қобили қабул дониста, иброз доштанд, ки мавзӯъҳои матраҳгардида дар баланд гардидани дониши назариявӣ ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хизматиашон такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Раҷаббек ИЛЁСОВ