28 Январ, 2023

Корҳои ободонию созандагӣ дар рӯзи шанбе

3 декабри соли 2 022 ҳайати шахсии шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар бинои худ чорабинии шанбегӣ ташкил намуданд.

 

Дар шанбегӣ тамоми кормандони ин ду шуъбаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фаъолона ширкат варзида, дар корҳои таъмирию тармимӣ, тозагии ҳуҷраҳои корӣ, иншоотҳои хизматрасонӣ ва роҳравҳою гирду атрофи бинои маъмурӣ, нигоҳубини дарахту буттаҳои ороишӣ саҳми худро гузоштанд.

 

Бояд зикр намуд, ки чунин чорабиниҳои ба тозагии дохил ва гирду атрофи ҷойи корӣ равонашуда дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ мунтазам рўзҳои шанбе дар тамоми шуъбаю бахшҳои хадамоти мазкур доир карда мешавад.

Х. Солиҳӣ