Санаи 2 декабри соли 2022, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ зимни баргузор гардидани дарси хизматӣ бо ҳайати шахсии хадамоти мазкур сардабири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ баромад намуд.
Полковники милитсия Ҳасан Шерализода зимни суханрониаш дар атрофи ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ибрози назар намуд.
Қайд карда шуд, ки миллати тоҷик бо гузаштагони худ ифтихор мекунад. Бахусус давлати Сомониён барои рушди забони тоҷикӣ, адабиёт, илму фарҳанг, маданият заминаи хубе баҳри ташаккули минбаъдаи миллати точик муҳайё сохт. Шоирону нависандагон, олимону ҳакимони зиёде, ба монанди Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Берунӣ, Фирдавсӣ ва садҳои дигар намояндагони халқи тоҷик дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳм гузоштаанд. Тӯли таърих мардуми тоҷик новобаста аз пастию баландиҳо, ба ҳама гуна душвориҳо тоб овард, забон, урфу одат ва анъанаҳои миллии худро нигоҳ дошта тавонист.
Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар дар назди давлату миллати тоҷик масоили зиёде ба миён омаданд, ки онҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ иртибот дошт ва масъалаи аввалине, ки дар ин маврид ба миён омад баҳсҳо атрофи доираи ҳувияти миллӣ буд. Масъалаи ҳувияти миллӣ то ба имрӯз идома ёфта истодааст, зеро дар шароити кунунии рушди давлатдории миллии тоҷикон, тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин рушди ҳувияти миллӣ метавонад омили наҷотбахши кишвар ва давлатдории миллӣ аз ҳар гуна хатарҳои муосир, аз қабили ифротгароӣ ва терроризм, моҷароҳҳои қавмиву мазҳабӣ ва дигар муаммоҳои зуҳурнамуда дар шароити имрӯза гардад.
Дар сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат масъалаҳои ҳувият ва худшиносии миллӣ дар ҷои аввал меистанд. Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти унсурҳои ҳувияти миллӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ тадбирҳои қатъӣ андешида истодаанд. Дар ин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонун “Дар бораи забони тоҷикӣ” аз 5-уми октябри соли 2009, барпо намудани ҷашнвораҳои бузурги сатҳи давлатӣ, аз қабили “Бузургдошти 1100 солагии давлатдории Сомониён”, “1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, эълони соли 2006 ҳамчун “Соли фарҳангу тамаддуни ориёӣ”, таҷлили “2700 – солагии шаҳри Кӯлоби бостон”, “Гиромидошти 1130 – солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазир дар ислом Имом Абӯҳанифа”, “5500 – солагии Саразми бостон”, ҳамасола бо шукӯҳ ҷашн гирифтани иди байналмилалии Наврӯз ва идҳои мазҳабие, чун Иди Фитр ва Иди Қурбон, эҳёи ҷашнҳои миллиамон чун Меҳргон ва Сада аз чораҳои амалӣ дар самти мустаҳкам намудани ҳувияти миллии мо дарак медиҳанд.
Бинобар ин, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани сулҳу амнияти Ватан, хештаншиносию меҳанпарастӣ қарзи инсонии ҳар як соҳибватан буда, гувоҳи эҳтиром ба муборизаи халқи тоҷик барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин радиф аз пешоҳагони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, кафили ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, дар барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузоштаанд. Имрӯзҳо ҳам сина сипар намуда, баҳри якпорчагии кишвар, сулҳу суботи ҷомеа ва пешрафти диёри хеш сарбаландона адои хизмат менамоянд.