19 Апрел, 2024

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ИДМ

 

Санаи 30 ноябри соли 2022, тариқи реҷаи алоқаи видеоӣ (маҷозӣ) ҷаласаи 25-уми Комиссияи муштараки давлатҳо – иштирокчиёни Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавзӯи мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор карда шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Кумитаи иҷроияи ИДМ доир гардида, дар кори он намояндагони сохторҳои кор бо муҳоҷирати ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф, сардори шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамот полковники милитсия Туразода Рустам Бурҳон, мутахассиси Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуқли аҳолӣ Бобоев Идибек Сафаралиевич ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо оид ба мубориза ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, андешидани чораҳои дақиқ дар масъалаҳои муҳоҷират, баррасии созишномаҳо ва санадҳои меъёрии соҳавӣ, мубодилаи иттилоот, нақшаи Комиссияи муштараки мазкур барои соли 2023 ва баргузории ҷаласаи ояндаи комиссияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз натиҷаи ҷаласа протокол ба имзо расонида шуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологӣ ҷаласаи оянда дар шакли мизи мудаввар дар Федератсияи Россия доир карда мешавад.

Х. Солиҳӣ