Парчами давлатӣ – рамзи муттаҳидию якдилӣ

Ҷашни Рўзи Парчами давлатӣ ба зумраи идҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дохил карда шуд, ки чун рамзи ифтихор аз Ватандорӣ, якдилию муттаҳидии мардумони кишвар, пешрафту шукуфоӣ қабул карда шуд.

Ба ин муносибат рўзи 25 ноябри соли 2022 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чорабинии идона доир карда шуд, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот иштирок намуданд.

Дар оғози ҷамъомад муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф ҳамаи кормандонро аз номи роҳбарияти хадамот бо ин ҷашни муҳим табрик гуфта, дар кору зиндагиашон муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.

Сипас, нозири калони ШТНҲ ХШБ подполковники милитсия Назарзода Шерафган Афғон дар атрофи ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

Қайд гардид, ки парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ бо ҳамовозии тамоми вакилони халқ тасдиқ ва қабул карда шуд, ки имрӯз чун дигар давлатҳои ҷаҳон, Тоҷикистон бо ҳамин рамзҳои давлатдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, маҳбубияти хоси худро пайдо намудааст. Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид.

Чуноне, ки Президенти мамлакат дар паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ба мардуми кишвар иброз доштанд: «Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ, Шераку Деваштич, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо расонидаанд.

Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан, наврасону ҷавонони кишвар ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад».

Дар интиҳо, кормандони дигар низ оид ба таърих ва давраҳои гуногуни парчамдории миллати тоҷик ва моҳияти он суханронӣ намуда, Парчами давлатиро ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ арзёбӣ намуданд.