07 Декабрь, 2022

Вохӯрӣ бо намояндагони Департаменти муҳоҷират ва баҳисобгирии аҳолии ВКД Ҷумҳурии Туркия

Дар доираи сафарии кории ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия, ки аз 11 то 17 ноябри соли 2022 идома ёфта буд, санаи 16 ноябр дар шаҳри Стамбул вохӯрии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо роҳбари Департаменти муҳоҷират ва баҳисобгирии аҳолии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Сезгин Демерчин Оглу баргузор гардид.

Аз ҷониби Департаменти муҳоҷират ва баҳисобгирии аҳолии ВКД Ҷумҳурии Туркия ҳамчунин сардорони раёсатҳои калидии ин сохтор оид ба кори шиносномадиҳӣ, назорати шаҳрвандони хориҷӣ, кор бо муҳоҷират, масъалаҳои шаҳрвандӣ, баҳисобгирии аҳолӣ иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тартиби  барасмиятдарории шиноснома, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони вурудушон ба ҳудуди кишвар манъбуда, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, масъалаҳои шаҳрвандӣ, аз даст додани шаҳрвандӣ, баҳисобгирии аҳолӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар самтҳои зикргардида боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

Зимни сафари корӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Ҳусейн Халилзода инчунин бо сардорони раёсатҳои мубориза бо экстремизм ва дар нақлиётбуда вохӯриҳо анҷом дод.

ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон