12 Октябрь, 2024

Семинари омӯзишӣ оид ба кори шиносномавӣ

Чанде пеш бо дастури вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати сабукӣ овардан дар таҳияи шиноснома ва ҳарчи соддагардонии дастрасии он ба шаҳрвандон роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД барои масъулини хадамотҳои шиносномадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари омӯзишӣ гузаронид. Чорабинии дастурӣ-таълимӣ бо ҷалби намояндагони Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия ва сохторҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла Сарраёсати маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, Раёсати таҳқиқ, шуъбаҳои кори шиносномадиҳӣ, шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагон, кори раводиду бақайдгирӣ ва бюрои суроғавӣ маълумотдиҳии ХШБ ВКД ва ҳамоҳангсози лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори ХШБ ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оғоз бахшида, мақсаду мароми чорабинӣ, мавзӯъҳои баррасишаванда ва ҳадафи онро ба ҳозирин кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тавзеҳ дод. Гуфта шуд, ки семинар-машварат дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад ва идомаи мантиқии таъмини талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» мебошад, ки аз 18-уми декабри соли 2019 мавриди амал қарор гирифтааст.

Ҳамчунин аз таҷрибаи коргузории хадамотҳои шиносномадиҳии давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳозирин маълумот дода шуд. Бардоштани монеаҳои сунъии дастраснамоии маълумоти дахлдор вобаста ба шахсият барои таҳияи шиноснома ва гузаштан ба низоми электронӣ ҳангоми муросилоти маълумотномаҳо дар раванди ҳуҷҷатгузории шиноснома дар маърӯзаи сардори ХШБ таъкид рафт, ки метавонад ба сифатнокии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат намояд.

Масъалаҳо вобаста ба таҳияи шиносномаи шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, ивази ному насаб аз рӯи анъанаҳои миллӣ, фаъолият дар самти парвандаҳои кофтуковӣ нисбати шахсият, тартиби пешниҳоди варақаҳои суроғавии омад ва баромад, тартиби оғоз намудани парвандаҳои маъмурӣ, меъёрҳои байналмиллалӣ оид ба бешаҳрвандӣ, рафти иҷрои қонун ва қарору  фармонҳои танзимкунандаи фаъолияти ХШБ дар семинар мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҳар як мавзӯи баррасишаванда миёни баромадкунанда ва иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар самти шиносномадорӣ ба масъулин, ки ба аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд аз ҷониби мутахассисон дастур дода шуд.

Иштирокчиён дар ҷараёни семинари таълимӣ вобаста ба мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шаванда саволу ҷавоб карда, дониши назариявии худро мустаҳкам намуданд. Қобили қайд аст, ки мавзӯи матраҳгардида ба сифатнокии фаъолияти хизматӣ дар Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо дигар мақомотҳои давлатӣ, ки дар ҷараёни таҳияи шиноснома саҳм доранд замина хоҳад гузошт.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия