07 Декабрь, 2022

Ҷаласаи маҷозии намояндагони ВКД Тоҷикистон бо ВКД Россия

Санаи 9 ноябри соли 2022, шурӯъ аз соати 17:00 бо вақти Душанбе тариқи реҷаи алоқаи видеоӣ (маҷозӣ) ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар масъалаҳои мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор карда шуд.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, муовини сардори Хадамот полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф, сардорони шуъбаҳои ХШБ, намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии вазорат иштирок намуда, ҷониби ВКД Федератсияи Россияро муовини сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират генерал-майор Кадочников Олег Алексеевич, сардори раёсати фаъолияти назоратии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират Гасак Алексей Александрович ва роҳбарону кормандони масъули Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷират, Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ, раёсатҳои таҳқиқ ва ҳамкориҳои байналмилалии вазорати мазкур муаррифӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйиру иловаҳои ба қонунгузории соҳа воридшуда, корҳои амалӣ бо муҳоҷирон, шахсони паноҳҷӯянда ва дорои мақоми гуреза, муқаррар намудани тартиби ҳамкории бевосита ва дигар самтҳои фаъолиятро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷониби изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷаласаи Гурӯҳи корӣ дар оянда мустақиман баргузор гардида, баҳри боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд кӯшиши худро равона хоҳанд намуд.

Х. Солиҳӣ