07 Декабрь, 2022

Ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик

10 ноябри соли 2022 дар  толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муносибати ҷашни «Рӯзи милитсияи тоҷик» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оғоз гардида, ӯ ҳозиринро бо ҷашни касбии Рӯзи милитсия табрик гуфт ва ба ҳозирин дар кору зиндагиашон бурдборию муваффақият таманно намуд.

Номбурда зимни суханрониаш зикр намуд, ки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чун як ҷузъи таркибии Вазорати корҳои дохилӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрвандӣ, шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ, бақайдгирию азқайдбарории шаҳрвандон аз рӯи ҷойи зист, масъалаҳои шаҳрвандӣ, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, паноҳҷӯянда ва гуреза содиқона фаъолият доранд.

Сипас, бахшида ба таҷлили иди касбӣ муовини сардори ХШБ полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф дар бораи таърихи милитсия, саҳми он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, сулҳу субот ва тинҷиву оримии кишвар, шароитҳои хуби хизматӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ мухтасар баромад намуд.

Ҳамчунин, бо сухани табрикотӣ собиқадори соҳа Раҷабов Саид баромад намуда, ба кормандони Хадамот тансиҳативу хонаободӣ ва дар фаъолияти хизматӣ ноил гардидан ба пешравию дастовардҳои нав ба нав таманно намуд. Мавсуф қайд намуд, ки собиқадорони соҳа ҳамеша омодаанд ба кормандони Хадамот, махсусан ба кормандони ҷавон аз таҷрибаи бойи кориашон кӯмаки худро расонанд.

Дар ин рӯз барои хизматҳои содиқона, интизоми намунавӣ ва фаъолияти хуби корӣ як қатор кормандони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо фармоишҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо рутбаи навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, ифтихорнома ва раҳматнома дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, ба собиқадорони соҳа барои саҳми арзандаашон дар тарбияи кормандони ҷавон мукофотпулӣ супорида шуданд.

Х.Солиҳӣ