07 Декабрь, 2022

Вохӯрии судманд бо аҳли ҷамоатчигӣ

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат, саъю кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД тамоми шуъбаву бахшҳои шиносномавӣ бо муосиртарин техникаву таҷҳизот, лавозимоти корбарӣ муҷаҳҳаз ва шароити хуби кор, инчунин имкониятҳо барои қабули шаҳрвандон муҳайё карда шудааст. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон метавонанд бемамониат дилхоҳ вақт омада, ҳуҷҷатгузорӣ намоянду бо мусоидати кормандони бахшҳои шиносномавӣ мушкилоти доштаашонро бартараф созанд, – иброз дошт сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои Гулистон ва Фирдавсии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳафтаи сипаригардида бо мақсади маълумоти бештар пайдо намудани шаҳрвандон аз қонуну қарорҳои амалкунандаи кишвар вобаста ба самти шиносномавию бақайдгирӣ ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода ва сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ подполковники милитсия Чаман Қаҳҳорова бо сокинони маҳаллаҳои номбурда вохӯрии судманд доир намуданд.

Зимни суҳбат полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода қайд кард, ки тавре ҳамагон тавассути васоити ахбори омма ва ё шабакаҳои интернетӣ мушоҳида менамоянд, илму техника тараққӣ намудааст ва он дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода мешаванд. Бо тақозои замон, имрӯз дар қисмати зиёди корбариву ҳуҷҷатгузориҳо низ чунин пешравиҳо дида мешаванд. Тайи чанд соли охир дар кишвар дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 идома дорад. Бояд қайд кард, ки муҳлати бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2023 дароз карда шудааст ва хуб мешуд, ки шаҳрвандон аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида истифода намуда, сари вақт ба бахшҳои Хадамоти шиносмномавию бақайдгирии маҳалли зисташон муроҷиат намоянд.

Полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода дар вохӯрӣ оид ба муҳтавои қарори зикргардида, хизматрасониҳои бахшҳои шиносномавию бақайдгирӣ, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар самтҳои фаъолияти бахшҳои шиносномавӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки мақсади мулоқот таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такрор наёфтани навбатпойии тӯлониву ҳолатҳои қаблан рухдода мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти ин вохӯриҳо сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ подполковники милитсия Чаман Қаҳҳорова гуфт, ки кормандони бахши шиносномадиҳӣ пайваста кӯшиш менамоянд ҳангоми муроҷиат намудани шаҳрвандон барои дуруст намудани ҳуҷҷатгузориҳо дар доираи ваколатҳои доштаашон хизматрасонӣ намоянд.

Дар идомаи вохӯрӣ раиси маҳаллаи Гулистони ноҳияи Исмоили Сомонӣ Темур Холиқов баромад намуда, зикр кард, ки дар маҳаллаи номбурда зиёда аз 600 хоҷагӣ истиқомат доранд ва ҳамеша дар ҷаласаҳо доир ба риояи қонуният, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузориҳояшон, дар қайди маҳалли зист будан ва риояи талаботи қонунгузорӣ суҳбатҳо анҷом медиҳем.

Дар интиҳои ин вохӯриҳо раисону сокинони маҳаллаҳои номбурда вобаста ба муҳлати амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ва дигар самтҳои хизматрасониҳои бахшҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ