07 Декабрь, 2022

Анҷоми марҳилаи дуюми Амалиёти «Нелегал-2022»

Посдории волоияти қонун, риояи бечунучарои тартибу низом, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда кору фаъолият бурдану зистан кафили оромиву осоиштагии давлату миллат мебошад. Баҳри ҳифзу пойдории ин оромиву осоиштагӣ дар баробари ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, мебояд шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври муваққативу доимӣ дар кишвар сукунат ихтиёр кардаанд, қонунҳои амалкунанда ва он санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиеро, ки он давлат эътироф намудааст, риоя ва дар доираи он кору фаъолият намоянд.

Бояд қайд кард, ки ҳамасола тибқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила, чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони шартии «Нелегал» гузаронида мешавад.

Дар ин асос, марҳилаи аввали чунин чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ аз санаи 5-ум то 12-уми июл ва марҳилаи дуюми он бошад, таҳти унвони шартии «Нелегал-Кордон» аз санаи 10-ум то 17-уми октябри соли ҷорӣ гузаронида шуд.

Дар баробари дигар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалиёти муштарак дар ҳамбастагии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишвар – шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақа ва ноҳияҳои Рашт, инчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.

Санҷишҳо дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ истиқомат менамоянд, коргоҳу ташкилотҳо, иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, тарабхонаву марказҳои савдо ва инчунин, истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, амалӣ гардиданд.

Дар рафти он масъалаҳои риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, раводидӣ ва бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор дода шуданд.

Зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони шартии «Нелегал-Кордон» аз ҷониби масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, инчунин воҳидҳои онҳо дар минтақаҳо 58 ҳолати ҳуқуқвайронкуниву риоя нанамудани қонуни муҳоҷиратӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла риоя нанамудани қоидаҳои будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ ва 3 ҳолати бе иҷозатномаи корӣ фаъолияти меҳнатӣ намудани шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.

Барои дидаву дониста дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош ва дигар қонунҳои амалкунанда нисбати қонунвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо таъмини оромиву осоиштагӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо буда, дар баробари ин, дар рушду пешрафти Ватани азизамон заминагузор хоҳад шуд.

 

Раҷаббек ИЛЁСОВ