26 Апрел, 2024

Санҷиши будубоши шаҳрвандони хориҷӣ зимни амалиёти «Нелегал-2022»

Аз санаи 10 то 17 октябри соли 2022 дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми амалиёти муштараки Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳти унвони шартии «Нелегал-Кордон» идома дорад.

Чорабинии мазкур мутобиқи қарори Шурои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ роҳандозӣ гардида, зимни он риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.

Ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиётҳои санҷишӣ ба муҳлати раводид, бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои шахсони бешаҳрванд дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунӣ будани истиқомати доимӣ ё муваққатӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, диққати асосӣ равон карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди амалисозии чорабинии мазкур ҳамзамон баҳри ошкору пешгирии ҳама гуна ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Х.Солиҳӣ, подполковники милитсия