06 Октябрь, 2022

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 23 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-лейтенанти милитсия”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майор”, “генерал-майори адлия”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори хадамоти гумрук” ва “генерал-майори хизмати дохилӣ” супорида шуд.

Аз ҷумла, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилзода Ҳусейн Собир бо рутбаи “генерал-майори милитсия” сарфароз гардонида шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ иҷро менамоянд.