Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2019, №1652 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» аз ҷониби роҳбарият ва кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ бурда мешавад.
Санаи 26 июли соли 2022 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба минтақаи Рашт сафари корӣ анҷом дода, дар ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод вохӯриҳои судманд доир намуд. Ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои зикргардида ва дигар масъалаҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотиро анҷом дода, зимни вохӯрию мусоҳибаҳо диққати асосӣ ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, қонунӣ гардонидани мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иваз кардани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 зоҳир карда шуд.
Дар рафти сафари хизматӣ аз тарафи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳамчунин ба кормандони масъули воҳидҳои поёнии Хадамот дар ноҳияҳо оид ба сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти мардум, беҳтару хубтар намудани шароити хизматрасонии кори шиносномавӣ дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.
ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон