19 Апрел, 2024

Ҳамкориҳои судманд бо аҳли ҷамоатчигӣ

Ҳафтаи сипаригардида дар доираи нақша-чорабиниҳои ХШБ ВКД сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ ВКД полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, нозири калони ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ кипитани милитсия Фирдавс Султонов ва кормандони ин ниҳод бо раисону фаъолони ҷамоату маҳаллаҳои Қуштеппа-2, Деҳқонобод-2 ва 3, Алачабоф-1 вохӯрӣ намуда, дар ин зимн оид ба амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҳуҷҷатгузорӣ ва гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ, зарурати иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 суханронӣ намуданд.

Полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода зикр кард, ки ҳамаи мо хуб огаҳ ҳастем, ки тайи 3 сол боз дар кишвар иваз намудани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 ҷараён дорад. Новобаста аз муҳлати муайянгардида, амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №24 аз 12 феврали соли 2022 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то ҳанӯз идома дошта, бинобар ин муҳлати бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи нав то 15-уми феврали соли 2023 дароз карда шуд.

Бо мақсади таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин такрор наёфтани ҳолатҳои қаблӣ, яъне навбатпойии тӯлонӣ дар бахшҳои шиносномадиҳӣ шаҳрвандони кишварро зарур  аст, ки аз имкониятҳои мусоид  истифода намуда, сари вақт ба хадамоти шиносмномавию бақайдгирии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

 

 

Ҳамчунин, вобаста ба таъмини иҷрои қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №46 аз 27 феврали соли 2021 оиди ба ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаштани миқдори муайяни заминҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб бояд қайд намуд, ки корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Шаҳрвандон бояд ҳуҷҷатҳои худро омода сохта, худро дар хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисти нав ба қайд гиранд. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ омодаанд дар кори ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда сари вақт мусоидат намоянд.

Дар навбати худ нозири калони ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ кипитани милитсия Фирдавс Султонов қайд кард, ки мақсад аз баргузор намудани вохӯрии имрӯза низ ба самъи шумо расонидани қонун ва қарорҳои зикргардида, ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият бахшидан аст.

Дар интиҳои ҷамъомади баргузоргардида, намояндагони маҳаллаҳо ба саволҳои худ, вобаста ба мавзуъҳои матраҳгардида аз кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.