25 Апрел, 2024

Татбиқи меъёри қонун дар ҷойҳо

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” баъди мавриди амал қарор гирифтан шурӯъ аз 18-уми декабри соли 2019 аллакай ҳолати шаҳрвандии чандин нафарро хуб гардонид. Зеро пас аз соҳиби гувоҳномаи иқомат шудан дар идома шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст хоҳанд овард. Бо дастури роҳбарияти ХШБ ВКД, бо назардошти он ки муҳлати амали қонуни мазкур кам мондааст, кор дар ин самт ҷоннок карда шуда, бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи хадамот ва ҷалби намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ба минтақаҳое, ки шаҳрвандони таҳти амали қонун қароргиранда бештар аст, сафарбар мешаванд. Вазифаи гурӯҳҳои корӣ бори дигар фаҳмонидани моҳияти қонуни мазкур, мусоидат дар тезонидани ҳуҷҷатгузорӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҷамъоваришуда ва дар ҷояш бартараф намудани камбудиҳо мебошад, то ин ки нафарони эҳтиёҷманду таҳти авф қароргиранда муайян ва тавонанд шаҳрвандиро ба даст оранд.

Дар минтақаи Суғд гурӯҳ­ҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Зафаробод ва Деваштичу Шаҳристон, ки теъдоди бештари мавриди амали қонуни авф қароргирифтагон истиқомат мекунанд, коргузорӣ намуда, шаҳрвандонро аз сабукиҳое, ки қонунгузор муқаррар кардааст, баҳравар менамоянд.

Асосҳои қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омилҳои аз даст додани шаҳрвандӣ, фаҳмонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” мавзӯъҳои меҳварии  мулоқотҳо мебошанд.

Шеваи корбарии хонагаштак аз усули дигари корбарӣ аст, ки ҳайати гурӯҳҳои корӣ аз он истифода бурда, ба шахсони мавриди амали қонуни авф қароргиранда хизмат мерасонанд.

 

 

Ёдовар мешавем, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба авфро ҷиҳати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, муқаррар менамояд. Шахсоне таҳти амали ин қонун қарор мегиранд, ки онҳо то санаи 31-уми декабри соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд.

Муҳлати муайянсозӣ ва қабули аризаҳо оид ба бақайдгирии вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти амали қонуни авф қарор мегиранд, то санаи 25-уми декабри соли 2022 муқаррар шудааст.

Ба иттилои масъулин, корбарӣ дар ин самт имкон додааст, ки дар қаламрави вилояти Суғд 806 нафар мавқеи шаҳрвандии худро муайян ва барои ба даст овардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хадамотҳои шиносномадиҳӣ муроҷиат намоянд. То санаи 20-уми апрели соли равон 205 нафар шаҳрвандон – зодагони Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки то ин дам баъзе аз онҳо шаҳрвандии ягон кишварро ба даст наоварда буданд, бо татбиқи меъёри қонуни мазкур соҳиби гувоҳномаи иқомати доимӣ гардиданд. Рӯзҳои наздик боқимонда муроҷиаткунандагон низ ин гуна ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳандаро ба даст хоҳанд гирифт.