24 Апрел, 2024

Тақдими шиноснома ба насли ояндасози миллат

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорат, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои поёнии он сайъ доранд хатмкунандаи муассисаҳои таълимиро, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, сари вақт бо соҳиби шиносномаи шаҳрвандӣ таъмин намоянд.

Ҳафтаи сипаригардида, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Сино бо иштироки сардори шуъба оид ба кори шиносномавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия М. Миршамсзода, масъулини ХШБ ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, устодон ва хонандагони муассисаи таълимии номбурда ҷамъомади тантанавии тақдими шиносномаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз масъулин ба 25 нафар хонанда шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Дар семоҳаи аввали соли равон дар ин қисмати ноҳияи Сино 180 нафар хонандагон соҳиби шиносномаи шаҳрвандӣ гардидаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Тавре муовини директори МТМУ-и №54 Моҳинав Зеваршоева зикр кард, дар доираи ҳамкориҳои судманди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва дастгириҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои мукаммал гардидани дониши ҳуқуқии хонандагон ва риояи қонуният пайваста вохӯриву чорабиниҳои мақсаднок амалӣ мегардад.

Ҳамзамон чунин чорабинӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансур низ доир карда шуд. Дар ин муассисаи таҳсилотӣ ба 30 нафар хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ шиноснома тақдим гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди хизматрасонии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аз аввали сол то ба имрӯз зиёда аз 450 нафар шаҳрвандон аввалин маротиба шиноснома гирифтаанд, ки аз ин теъдод 90 дарсади онро хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳанд.