24 Апрел, 2024

Омӯзиши қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ санаи 8 апрели соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи хадамот бо ҷалби мутахассиси соҳа-сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Ҷуразода Далер Тавакал дарси хизматӣ дар мавзӯи “Сабабу омилҳо ва шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта” баргузор гардид.

Корманди таҷрибадори Агентӣ ба ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар доираи мавзӯи зикргардида оид ба қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” 7 августи соли 2020 № 1714  дар таҳияи нав, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ гардидааст, мухтасар баромад намуд. Ба ҳайати шахсӣ мазмуну мафҳумҳои асосии қонунгузорӣ дар ин самт, аз ҷумла субъектҳои муқовимат ба коррупсия, хавфҳои коррупсионӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд, вазифаҳои давлатӣ, хешовандони наздик, мамониат ва маҳдудият, бархӯрди манфиатҳо ва дигар истилоҳоти марбут ба мавзӯи зикргардида  шарҳ дода шуд.

Дар умум қайд карда шуд, ки тамоми ин санадҳои меъёрӣ, стратегияву барнома ва нақшаҳои вобаста ба муборизаю муқовимат ба коррупсия баҳри паст намудани сатҳи коррупсия дар мамлакат, пешгирӣ аз тамаъкорию порагирӣ равона шудааст. Бетарафии шаҳрвандон ба рушди коррупсия дар ҷомеа мусоидат мекунад. Ободию пешрафти ҳар давлат аз нест кардани коррупсия вобастагии калон дорад.

Дар фарҷоми дарси хизматӣ аз ҷониби кормандон ба баромадкунанда саволҳои марбут ба мавзӯи коррупсия дода шуданд, ки посухи худро гирифтанд.