06 Октябрь, 2022

Вохӯрии судманд бо намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич бо мардум, мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти онҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатӣ яке аз вазифаҳои муҳими кормандони милитсия ба ҳисоб меравад.

Чунин як вохӯрии судманд санаи 3-юми марти соли 2022 аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо намояндагону масъулони маҳаллаҳои Навбаҳор, Маҳмадшои боло, Лаби тол, Сарикиштии боло ва Навобод, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт гузаштаанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори шуъба оид ба кори шиносномавии ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковнгики милитсия Манучеҳр Миршамсзода баромад намуда, нахуст, ҳозиринро бо фарорасии фасли баҳор, идҳои дарпешистодаи Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони онҳо файзу баракат, ободии рӯзгор ва пеш аз ҳама саломатии бардавом таманно намуд.

Полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода дар идомаи суханрониаш иброз дошт, ки чуноне шаҳрвандони мамлакат  огаҳ ҳастанд тайи 3 соли охир дар кишвар иваз намудани шиносномаи шаҳрвандии ҶТ  намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 ҷараён дорад. Новобаста аз муҳлати муайянгардида, амалишавии  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 24 аз 12 феврали соли 2022 «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он»  бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то ҳануз қонеъкунанда набуда,  бинобар ин муҳлати бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014  боз як соли дигар, яъне то 15-уми феврали соли 2023  дароз  карда шуд. Бо мақсади  таъмини саривақтии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, такрор наёфтани ҳолатҳои қаблӣ, яъне навбатпойии тӯлонӣ, сарф нагардидани вақти шаҳрвандон, ки чунин ҳолатҳо дар солҳои 2019, 2020 ва 2021 ба мушоҳида мерасиданд, шаҳрвандони кишварро зарур  аст, ки барои иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 аз имкониятҳои мусоид  истифода бурда, сари вақт ба хадамоти шиносмномавию бақайдгирии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, вобаста ба таъмини иҷрои қарори дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №46 аз 27 феврали соли 2021 оиди ба ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаштани миқдори муайяни заминҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб бояд қайд намуд, ки корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Шаҳрвандон бояд ҳуҷҷатҳои худро омода сохта, худро дар хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисти нав ба қайд гиранд. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ омодаанд дар кори ҳуҷҷатгузории шаҳрвандон дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда сари вақт мусоидат намоянд.

«Мақсади вохӯрии имрӯза ҳам аз он иборат мебошад, ки раисону намояндагони собиқ ҷамоатҳо – ҳамакнун маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт дар байни сокинони маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ баранд, то ки сокинон бисёр сарсону саргардон нашуда, ҳуҷҷатҳои худро бе мушкилӣ ба расмият дароранд» – дар охир иброз дошт Манучеҳр Миршамсзода.

Дар фарҷоми ҷамъомад намояндагони маҳаллаҳо вобаста ба фаъолияти дахлдор ба кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ саволҳои худро дода, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.