20 Апрел, 2024

НАРХНОМАИ боҷи давлатӣ ва хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАРХНОМАИ боҷи давлатӣ ва хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намудҳои хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Пардохт барои шиноснома Боҷи давлатӣ Хизматрасонии ХШБ ВКД ҶТ
Барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ (биометрӣ) Оддӣ  (15 рӯзи корӣ) 75 $ ИМА 108 сомонӣ 40 сомонӣ
Таъҷилӣ (7 рӯзи корӣ) 150 $ ИМА 108 сомонӣ 40 сомонӣ
Фаврӣ  (3 рӯзи корӣ) 225 $ ИМА 108 сомонӣ 40 сомонӣ
Барои додани шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ) ба шахсони то синни 16 Оддӣ  (15 рӯзи корӣ) 25 $ ИМА 40 сомонӣ
Таъчилӣ (7 рӯзи корӣ) 50 $ ИМА 40 сомонӣ
Фаврӣ  (3 рӯзи корӣ) 75 $ ИМА 40 сомонӣ
Барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (шиносномаи шаҳрвандӣ) 10 $ ИМА
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони хориҷӣ то 3 моҳ 72 сомонӣ 100 сомонӣ
аз 3 то 1 сол 72 сомонӣ 190 сомонӣ

Барои бақайдгирй ва дарозкунии муҳлати қайди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо онҳо рафтуомади бераводид муқаррар шудааст

то 3 моҳ 72 сомонӣ 50 сомонӣ
аз 3 то 1 сол 72 сомонӣ 90 сомонӣ
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди донишҷўёни хориҷӣ (таҳсили рўзона) то 3 моҳ 72 сомонӣ 50 сомонӣ
аз 3 то 1 сол 72 сомонӣ 90 сомонӣ
Барои бақайдгирӣ ва дарозкунии муҳлати қайди гурезагон 72 сомонӣ
Барои додани огоҳиномаи (даъватномаи) шаҳрвандони хориҷӣ 72 сомонӣ 40 сомонӣ
Барои додани рухсатномаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтаќаи сарҳадӣ наздисарҳадӣ 20 сомонӣ
Барои додани маълумотномаи бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ  ба шаҳрвандон ва вазорату идораҳо 10 сомонӣ   15 сомонӣ
15 сомонӣ
Барои баррасии маводҳо оид ба муайянкунии мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 144 сомонӣ 10 сомонӣ
Барои баррасии маводҳо оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромад аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон 144 сомонӣ 30 сомонӣ
Барои додани китобҳои ҳавлигӣ 25 сомонӣ
Барои бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сомонӣ
Барои додани варақаи бақайдгирии муваққатии шаҳрвандони Тоҷикистон 20 сомонӣ
Барои додани санади зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва тамдид намудани муҳлати он 144 сомонӣ 800 сомонӣ
тамдид 400 сомонӣ
Барои додани шаҳодатномаи силсилаи «А» ба шахсони бешаҳрванд ва тамдид намудани муҳлати он 800 сомонӣ
400 сомонӣ

Нархномаи мазкур дар асоси санадҳои зерин муайян шудааст:

– бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11 соли 2007, №546 хироҷи консулӣ барои шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ – 75 доллар муайян шудааст, (дар асоси банди 46 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020, №294 барои таъҷилӣ тайёр намудани шиносномаи хориҷӣ дар муҳлати 7 рўз (100%) ва дар муҳлати 3 рўз (200%)  ҳаҷми пардохт меафзояд;

– андозаи боҷи давлатӣ – якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02 соли 2004 таҳти №19 “Дар бораи боҷи давлатӣ” муқаррар шудааст (дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2023 таҳти №2012 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ муайян шудааст);

– Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 б/з аз 05.06.2013 сол Дар бораи тасдиқи Нархнома «Оид ба хизматрасониҳои пулакие, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он расонида мешаванд»;

– қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05 соли 2014, №336 «Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» (нархи бланкаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 10 доллари ИМА бо пардохти асъори миллӣ муқаррар карда шудааст).