08 Декабрь, 2021

Низоми дурусти корбарӣ – асоси пешрафт

Роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани қонуну қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши сариваќқии дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, Низомномаи ХШБ ВКД ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри самаранокии самти фаъолият, дар сатҳи зарурӣ хизматрасонӣ намудан ба аҳолӣ, дар доираи ваколатҳои доштаашон дуруст ба ҷо овардани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандон, инчунин барои пешрафти ҳар як шуъбаву воҳиди зертобеи худ ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ҳамеша чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Дар баробари фаъолияти босамари дигар шуъбаву бахшҳо, ҳамзамон шуъбаи молиявӣ-иқтисодӣ ва таъминотии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД низ дар самти фаъолияти худ ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ ноил гардидааст.

Шуъбаи мазкур фаъолияти худро дар асоси Қонунҳо «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи милитсия», Кодексҳои меҳнат ва андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки самти фаъолиятро ба танзим медарорад, хуб ба роҳ монда, кормандони шуъба кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то ки вазифаҳои ба зимма доштаашонро ва ҳамаи он дастуру супоришҳои роҳбариятро сари вақт иҷро намоянд.

Дар пешбурди фаъолияти хизматии худ кормандони шуъба ҳуҷҷатгузориву пардохти музди маоши кормандон, баҳисобгириву ҳуҷҷатгузории хароҷоти таъминоти ҳайати шахсӣ ва шуъбаҳои хадамотро, аз қабили пардохти андози давлатӣ, коммуналӣ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии мутахассисон, инчунин санҷишҳои молиявии хадамоту шуъбаҳои зертобеи ХШБ-ро ба уҳда дошта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардидани самти фаъолияти худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба пешрафти кору фаъолияти ҳамаи бахшҳои зертобеи хадамот, барои ҳамаҷиҳата таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо таҷҳизоти корбарие, ки дар фаъолияти ҳамарӯза мавриди истифода қарор мегиранд ва дигар лавозимоти маишӣ сари вақт дастрас ва мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ ва ё воҳидҳои поёнии он қарор мегирад, диққати ҷиддӣ дода мешавад.

         Тавре дар боло қайд намудем, яке аз самтҳои дигари фаъолияти хизматӣ ин гузаронидани тафтишу санҷишҳо ва назоратӣ-ревизионӣ мебошад, ки мувофиқи нақшаи кории аз тарафи роҳбарият тасдиқшуда њамасола дар чанд марҳила дар воҳидњои зертобеи ХШБ амалӣ карда мешаванд.

Дар рафти тафтишу санҷишҳо аз ҷониби кормандони шуъба воридоти маблағҳои буҷетӣ ва хизматрасонӣ, теъдоди молу ашёи ба даромад гирифташуда, расидҳои бонкӣ барои хизматрасониҳо, дурусту мақсаднок истифода бурдани захираҳои молиявӣ, риояи интизоми молиявӣ ва уҳдадориҳои буҷавии хадамоту шуъбаҳо ҳамаҷиҳата мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат, ҷиҳати таъмин намудани шароити кориву хизматрасонии иҷтимоӣ-маишии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, бо дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва кӯшишу ибтикории хадамот як қатор биноҳои маъмурии хизматии ВКД ва хадамотҳои зертобеи ХШБ ВКД аз таҳкурсӣ сохтаву бо тамоми таҷҳизоти корбарӣ таъмин ва қисмате ба таври замонавӣ пурра таъмиру тармим карда шуда, мавриди истифодабарии ҳайати шахсӣ қарор дода шудааст.

Дар ин асно, танҳо аз соли 2015 то ин давраи соли равон бо саҳмгузории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД биноҳои маъмурии ХШБ  ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ (ШММ “Оббурдон”), ХШБ  Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, ХШБ  Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, ХШБ  РВКД дар вилояти Хатлон, ХШБ РВКД дар минтақаи Кулоб, ХШБ  ШВКД дар ноҳияи Ҳисор (ШММ “Алмосї”), ХШБ ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа, ХШБ ШВКД дар ноҳияи Варзоб сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Инчунин, дар ин муддат биноҳои маъмурии ХШБ ШВКД дар ноҳияи Спитамен, ХШБ РВКД дар вилояти Суғд, Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, ХШБ ШВКД дар ноҳияи Данғара, ХШБ ШММ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ХШБ ВКД ва як қатор биноҳои хизматии мақомоти корҳои дохилӣ бо саҳмгузории хадамот ҷавобгӯ ба талаботи замон аз таъмири капиталӣ бароварда шудаанд.

Итминон дорем бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар, кӯшишу пайгириҳои роҳбарияти ВКД ва саҳмгузории роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ дар самти фаъолияти худ ҳамеша пешрав мегардем ва дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву осоиштагии давлату миллат ва ободониву шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаамонро мегузорем.