26 Апрел, 2024

Сафари хизматӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

    Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. баҳри иҷроиши супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо ҳамроҳии сардори шӯъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ.,  аз санаи 23 то 26 сентябри соли 2021 бо шароитҳои хизматии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он шинос шудаанд.

         Дар рафти санҷиш иҷроиши талаботҳои қарори ҷаласаҳои сайёри Мушовараҳои ВКД дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ҷаласаҳои оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба кормандони масъул дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.

         Дар ин сафар  ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар ВМКБ ва воҳидҳои поёнии он:

         – дар шаҳри Хоруғ;

         – ноҳияи Шуғнон (Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШМД Сучон);

         – ноҳияи Рушон (хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШМД Бартанг);

         – ноҳияи Ишкошим (Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШМД Вахон);

         – ноҳияи Роштқалъа;

         – ноҳияи Дарвоз;

         – ноҳияи Ванҷ;

         – ноҳияи Мурғоб (Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШМД Аличур) ташриф оварда, дар хадамотҳои мазкур тартиби қабули шаҳрвандон, муомила бо шаҳрвандон, гӯшаҳои иттилоотӣ (нархномаҳо), шароити қабули шаҳрвандон, аз ҷумла нишастгоҳҳо барои нишастани шаҳрвандон, оби нӯшокӣ (куллер), кондитсионер, интизоми хизматӣ, таъмаҷӯӣ, тозагии ҳуҷраҳои корӣ, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02 соли 2019 таҳти №64 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7” вобаста ба ивази шиносномаи намунаи соли 2014 ва дигар масъалаҳои дахлдор шинос шудаанд.

         Дар рафти шиносоӣ маълум гардид, ки дар биноҳои ХШБ Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ даромадгоҳҳои алоҳида барои қабули шаҳрвандон таъмин карда шудаанд.

         Дар ҳамаи хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД барои шароит фароҳам овардани қабули шаҳрвандон кондитсионер, нишастгоҳҳо, дастгоҳҳои оби нӯшокӣ (куллер), лавҳаҳои иттилоотӣ (оид ба нархномаҳо, тартиби гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ, номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, масъалаҳои шаҳрвандӣ, гурезаҳо, бақайдгирии шаҳрвандон ва ғайраҳо) равон карда шуда буд, таъмин карда шудааст.

         Дар вақти шиносоӣ дар ҳамаи ХШБ-ҳо бо шаҳрвандон ва кормандон оиди хушмуомилагӣ, саривақт таъмин намудани шиносномаҳо, ба кашолкорӣ роҳ надодан, телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ ва сардори ХШБ корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ гузаронида шуд.

         Ба масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастур дода шуд, ки биноҳои ХШБ бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин карда шуда, низоми хизмат, пӯшидани сару либоси низомӣ, ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, таъмаҷӯӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, муомилаи хуш бо шаҳрвандон риоя карда шаванд.