08 Декабрь, 2021

Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ваксинатсияи зидди коронавирус лозим аст

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти сокинони кишвар мерасонад, ки шаҳрвандони синни аз 18-сола боло танҳо баъд аз нишон додани Гувоҳнома дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19, барои гирифтани шиносномаи хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) муроҷиат карда метавонанд.

Гувоҳномаи зикршуда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муассисаи тиббӣ пас аз гирифтани ваксина бар зидди сирояти COVID-19 бепул дода мешавад. Он ҳуҷҷати инфиродӣ мебошад, ки таърихи иммунизатсияи шаҳрвандро нишон медиҳад.

Таҷрибаҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ муайян кардаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3-юми июл нашр шудааст, ваксинаи зидди коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19 нагирифтаанд, бояд ба табибони оилавӣ ё ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз шаҳрвандони мамлакат метавонанд аз ваксинаи «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech»-и ИМА, ё ваксинаи русии «Спутник V» истифода кунанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон, то моҳи октябри соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст. Ҳамчунин дар давоми моҳи октябри соли равон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» (Чин) ва 302 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» (Аврупо) ворид карда мешавад.

Шумораи умумии аҳолии аз 18-сола болои мамлакат 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар мебошад, ки фарогирии онҳо ба ваксинатсияи зидди бемории сироятии COVID-19 пешбинӣ шудааст. Дар асоси нақшаи мазкур, то 3-юми октябри соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 464 ҳазору 77 нафар (42,3%) ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикршуда 1 миллиону 898 ҳазору 776 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 100,4% иҷро шудааст.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки барои ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳатман ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

Шамида ХАЛИФАЕВА, нозири калони

Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ

дар ш. Душанбе