Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд дар масъалаи кор бо гурезагон

        7 сентябри соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хилтон” ҷаласаи васеъ бо иштироки мақомоти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ оид ба масъалаи расонидани кӯмак дар ташкили иктидори моли, техникӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ барои қабул, ҷойгиркунӣ ва таъминоти микдори калони шахсони паноҳҷӯяндагон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.

         Ҷаласаро муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода Сайнаҳш Ҳаким кушода эълон кард.

    Мақсади вохӯрӣ ин муайян намудани мақомоти ҳамоҳангсози фаъолият дар таъмини ҳимояи байналмилалӣ нисбати шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷӯстани паноҳ ворид мешаванд ва коркарди механизми ягонаи расонидани кӯмаки молиявӣ, ҳуқуқӣ, ҷисмонӣ, молӣ ва ғ. мебошад.

          Дар рафти ҷаласа аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ ба ҳозирин лоиҳаи сохтмони бино ва ташкили иктидори лозима барои қабули шахсони паноҳҷӯяндаи афғон дар ҳолати вуруди оммавӣ дар ноҳияи Ҷайхун пешкаш карда шуд.

    Дар маърӯзааш мувоини вазир қайд кард, ки Љумњурии Тољикистон дар Осиёи Миёна яке аз давлатњое мебошад, ки аввалин шуда ба Конвенсияи соли 1951 оид ба маќоми гурезањо ва Протоколи он аз соли 1967 њамроњ шудааст.

        Конвенсияи соли 1951 оид ба маќоми гуреза аз љониби Љумњурии Тољикистон 21 июли соли 1994 тасдиќ карда шуда, њамон сол Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» ќабул карда шудааст. Баъдан бори дуюм Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи гурезањо» 10 майи соли 2002 дар тањрири нав ќабул карда шудааст ва солњои 2010, 2012 ва 2014 ба он таѓйиру иловањо ворид карда шуда, ба меъёрњои њуќуќии байналмилалї мувофиќ гардонида шудааст.

       Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11 соли 2018, №568 «Дар бораи комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза» дар назди мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи муштараки доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.

     Бо мақсади таъмини амнияти кишвар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07 соли 2000, №325 “Дар бораи номгӯи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест” ба имзо расонида шудааст.

     Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12 соли 2008, №599 Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷиратӣ тасдиқ карда шуда, тибқи нишондоди он ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:

     – назорати риояи қоидаҳои иқомат ва убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

      – аз мақомоти ваколатдор дар бораи миқдори шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва хориҷ мегарданд, оид ба кишваре, ки онҳо шаҳрванди он ҳастанд, ё дар он ба таври доими истиқомат мекунанд, ҷамъоварии марказонидашудаи маълумотро анҷом медиҳад;

     – дархост дар бораи додани мақоми гуреза ба шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷўянд, қабул намуда, оиди онҳо қарор қабул менамояд;

  – чорабиниҳоро ҷиҳати бақайдгирии давлатии дактилоскопии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳ меҷўянд, амалӣ менамояд.

        Инчунин мақомоти идораи давлатӣ, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо таъмин мекунанд инҳоянд:

      – мақомоти корҳои дохилӣ;

      – мақомоти амнияти миллӣ;

      – мақомоти корҳои хориҷӣ;

      – мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

       Ҳамин тавр, аз рӯи қонунгузории миллӣ вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз дар кор бо гурезагон мебошад ва фаъолияти худ дар ин самт дар асоси ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд ба роҳ мемонад.

        Ба саволҳои иштирокчиен муовини вазир ҷавобҳои дақиқ дода, ҳизиринро ба боздиди қитъаҳои заминҳои ҷудошуда барои ҷойгиркунии шахсони паноҳҷӯяндагон даъват намуд.

       Ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба созиш омадаанд, ки дар рӯзҳои наздик аз иншоотҳо ва қитъаҳои замин боздид намоянд ва ба ташкили иктидори онҳо саҳм меугозаранд.

            Корҳо дар ин самт идома дорад.