23 Ноябр, 2024

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони ноҳияи И.Сомонӣ

Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ба самъи мардум расонидани корҳо дар самти шиносномавӣ, масъалаҳои шаҳрвандӣ, бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар пайваста бо сокинони маҳал вохӯриҳои судманд доир менамоянд.

Санаи 2-юми сентябр, чунин як вохӯрӣ дар байни кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо сокинони маҳаллаи Чашмасори ноҳияи И.Сомонии пойтахт баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ сардори Шуъба оид ба корҳои шиносномавии ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Миршамсзода Манучеҳр Холамон дар мавзӯи «Қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия» суханронӣ намуда, қайд кард, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе қайди расмӣ қарор дошта, кору фаъолият менамоянд, бояд то санаи 30 сентябри соли равон худро дар маҳалли будубош дар қайд гузоранд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Федератсияи Россия мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то санаи 30 сентябр тамдид карда шудааст. Дар сурати то мӯҳлати зикргардида аз қайд нагузаштани шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия берун карда мешаванд.

«Ҳамватанони моро зарур аст, ки дар ин муддат, ҳатман ба шуъбаҳои ВКД Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат намуда, худро дар маҳалли будубош ба қайд гиранд»-афзуд дар идомаи суханрониаш полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода.

Нномбурда зимни баромадаш вобаста ба иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» низ ибрози назар намуд. Тибқи талаботи қарори мазкур бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2022 тамдид карда шудааст.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои тартиби барасмиятдарории шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, тартиби бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандон сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ майори милитсия Чаман Қаҳҳорова баромад намуд.

Дар навбати худ, сокинони маҳал дар мавзӯҳои ба кори шиносномавӣ дахлдор саволҳои гуногун дода, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.