17 Сентябрь, 2021

Ҳамкориҳои муштарак дар муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ

        9 июли соли 2021 ҷаласаи 2-уми гурӯҳи кории муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои мубоиза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар тарики маҷозӣ (видеоконференсия) барпо гардид.

Рузномаи ҷаласа аз 5 банд иборат буд:

  1. Дар бораи вазъи муҳоҷиратӣ дар ҳуҳудҳои ҷонибҳо. Дар бораи навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ҷонибҳо.
  2. Оид ба хуҷҷатнигории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷии мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия нигоҳ дошта мешаванд.
  3. Дар бораи роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, алалхусус, бо истифодаи ҳуҷҷатҳои сафарии қалбакӣ, ё ки тарики иваз кардани ному насаб.
  4. Дар бораи икдоми кушодани Намояндагии корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хизматрасонии раводидӣ-шиносномавӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия.
  5. Дар бораи сана ва мақоми гузаронидани ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории муштарак вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия.

Ҷаласаро Роҳбари ҳайати гурӯҳи кории қисми россиягӣ, генерал-майори политсия Олег Алексеевич Кадочников оғоз намуд ва иштирокчиёнро бо ҳайати қисми ҷониби россиягии гурӯҳи кории шинос кард.

Ҷонибҳо дар бораи тамоюлҳо дар соҳаи муҳоҷират дар ҳудуди Фкдератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад маълумот додаанд.

Инчунин барои иштирокчиен маълумот оид ба тагйиру иловаҳо ва коркардҳои нав дар қонунгузории амалкунанда дар ин самт пешниҳод карда шуд.

Қайд карда шуд, ки дар давраи паҳншавии сирояти коронавирус Covid-19 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қоидаҳои будубошро вайрон намудаанд, чораҳои маъмури то муътадил гаштани вазъи эпидемиологӣ татбиқ карда намешаванд.

Ба эътибори хозирин маълумот дар бораи вазъи сиёсӣ-ҷамъиятӣ дар давлати ҳамсарҳад Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва эҳтимолияти вориди оммавии шахсони паноҳҷӯянда манзур гардид.

Оид ба масъалаи дувум ҷониби Тоҷикистон аз ҳамтоёни Россия дархости мусоидат кардан дар ташкили омӯзиши таҷрибаи Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо, ки дар таъсис ва фаъолияти марказҳо боздоштгоҳҳои муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешҳарванд, ки қоидаҳои будубошро вайрон намудаанд, натиҷаҳои назаррас доранд, пешниҳод намуд.

Оид ба масъалаи сеюм ҷониби Россия дар бораи истифодаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои сафарӣ барои убури сарҳади Федератсияи Россия маъруза кард.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон дар бораи татбиқи авфи муҳоҷиратӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қоидаҳои будубош дар Россия вайрон намудаанд ва аз ин сабаб маъни вуруд гирифтаанд аҳборот дод. Айни ҳол аз ҳудуди Федератсияи Россия зиёда аз 280 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон депортатсия ва манъи вуруд ба Россия шудаанд, аз онҳо 126 ҳазор – барои ҳуқуқвайронкунии сабук.

Оид ба масъалаи чорум масъалаи таъсис додани намояндагии Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва “Маркази муҳоҷират” ва филиали КВД (ГУП) “Хадамоти шиносномавию раводидӣ” барои омода кардани бастаи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ва иҷозат ба кор пеш аз сафари муҳоҷирони тоҷик ва ғайра баррасӣ шуд.

Ҷониби Тоҷикистон таъсис додани ин ниҳодро дастгирӣ кард.

Оид ба масъалаи панҷум пешниҳод карда шуд, ки ҷаласаи 3-юм дар ҳудуди Тоҷикистон барпо гардад ва дар ҳолати мураққаб будани вазъи эпидемиологӣ дар тарики маҷозӣ гузаронида шавад.

Ҷаласа дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дустӣ гузашт.

Ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок идома дорад.