Натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2021 дар самти корҳои раводидӣ шиносномадиҳӣ

Фаъолияти хизматии Шӯъбаи корњои раводидӣ ва бақайдгирӣ тибқи қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумати ҷумњурӣ, қарорҳои Мушовараи вазорат, протоколҳои ҷаласаҳои хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ХШБ ба роњ монда шуда, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони шӯъба аризаҳои 38307 нафар (соли 2020 – 31785 нафар) шаҳрвандон оид ба гирифтани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии дорои ҳомили электронӣ қабул карда шуда, ба 31711 нафар шаҳрвандон (соли 2020 – ба 31676 нафар) шиносномаи хориҷӣ дода шудааст.

Барои гум ва корношоям кардани шиносномаи хориҷӣ нисбати 53 нафар (соли 2020 нисбати 21 нафар) шаҳрвандони ҷумҳурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо 3180 сомонӣ (соли 2020-1211 сомонӣ) ҷарима ситонида шудааст.

Кормандони Шўъба дар давраи сипаригашта 8824 нафар (соли 2020 – 2111 нафар) шањрвандони хориҷиро, ки ба ҷумњурӣ бо корњои хусусӣ – 1252 нафар (соли 2020 – 1165 нафар), ҳамсари шаҳрванди ҶТ – 5 нафар (соли 2020 – 1 нафар), барои истиқомати доимӣ – 60 нафар (соли 2020 – 9 нафар), бо корҳои хизматӣ – 3360 нафар (соли 2020 – 276 нафар), барои фаъолияти мењнатӣ – 1442 нафар (соли 2020 – 207 нафар), сайёҳон – 7 нафар (соли 2020 – 0 нафар) ва барои донишомӯзӣ – 2698 нафар (соли 2020 – 453 нафар) ворид шудаанд, ба қайд гирифтанд, ки ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли  2020 – 6713 нафар зиёд мебошад. Инчунин, муњлати бақайдгирии 4010 – нафар (соли 2020 – 2576 нафар) шаҳрвандони хориҷӣ тамдид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 – 1434 нафар зиёд мебошад.

Аз ин шумора ба 758 нафар (соли 2020 – ба 264 нафар) шањрвандони хориҷӣ барои ворид шудан ба минтақањои сарњадии Ҷумњурии Тоҷикистон рухсатнома дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли 2020 – 494 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра нисбати 21 нафар (соли 2020 – 0 нафар) шаҳрвандони хориҷӣ ва 7 нафар (соли 2020 – 27 нафар) шахсони масъули муассисаҳо ва шаҳрвандони даъваткунандаи шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо 27240 сомонӣ (соли 2020 – 39447 сомонӣ) ҷарима ситонида шудааст.

Барои даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 121 огоҳинома (соли 2020 – 32 огоҳинома) дода шудааст.

Дар давраи сипаришуда аз ҷониби кормандони шӯъба 522 дархост (соли 2020 – 571 дархост), ки аз вазорату идораҳо ворид шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷавобҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд.

         Кормандони масъули шӯъба дар гурӯҳи кории Хадамот оид ба таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ иштирок намуда, чунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии самти фаъолияти ХШБ-ро муҳокима намуданд:

  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020, №294 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, №1097 «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият»;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2006, №188 “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”;
  • Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ аз 04 декабри соли 2020, №750б/з, №646 «Оид ба Дастурамали муштарак дар бораи тартиби татбиқи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон».

    Кормандони шуъба ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд хизматрасониҳои босифат пешнпҳод менамоянд ва ба таври мунтазам  донишҳои худро  сайқал медиҳанд.

        Корҳо оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо барои аҳолӣ дар самти корӣ идома доранд.