17 Сентябрь, 2021

Сафари хизматии Сардори ХШБ ВКД ба Ҷумҳурии Лаҳистон

Рӯзҳои 14-18 июни соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба Ҷумҳурии Лаҳистон сафари шиносоӣ анҷом додаанд.

Ҳайат аз намояндагони вазорату идораҳое, ки фаъолият дар самти таъмини бехатарии сарҳади давлатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пешниҳоди ҳимояи байналмилалӣ барои шахсони паноҳҷӯянда, нигоҳдории шахсоне, ки қоидаҳои будубошро вайрон намудаанд ва амнияти ҳуҷҷатҳои сафар мебаранд, иборат буд.

Тибқи барномаи таҷрибаомӯзӣ, ҳайати мазкур 15 июни соли ҷорӣ дар Агентии иктишофӣ ва Маркази омӯзиши қушунҳои сарҳадии шаҳри Кентшин вохӯрии шиносоӣ барпо намудаанд.

Инчунин, дар рафти сафар ҳайат ба Маркази пушидаи барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони паноҳҷӯянда ва шахсоне, ки депортатсия мешаванд ташриф овард.

Дар Ҷумҳурии Лаҳистон 6 маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ – вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷиратӣ фаъолият мекунанд. Дар марказҳо асосан модарони танҳо, кудакони ноболиғ ва шкахсони паноҳҷӯянда ҷойгир карда мешаванд.

Рӯзи 16 июн вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Коменданти отряди хадамоти сарҳадии Варминско-Мазурский барпо гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои тарзи ҳифзи сарҳади давлатӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд муҳоқима ва баррасӣ карда шуд.

Инчунин дар бораи муайян кардани сохтакории ҳуҷҷатҳои сафарӣ ва стратегияи муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷ. Майер Ворек маълумот дод.

Баромадкунанда қайд кард, ки ҳар сол такрибан 2 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Лаҳистон ворид мешаванд ва 90 % аз онҳо бо мақсади амали намудани фаъолияти меҳнатӣ ин мамлакат сафар мекунанд.

Ба онҳо иҷозат барои кор ва зисти муваққатӣ ҳукумати маҳаллӣ барасмият медарорад.

17 июни соли ҷорӣ ҳайати мазкур ба ба маркази омӯзишии отряди сарҳадӣ ба номи “Солдат Корпуса”шаҳри Кентшин ташриф намуд.

Маркази мазкур соли 1998 таъсис ефтааст ва асосан дар ин Марказ кормандони соҳаи корбарӣ бо сарҳадот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ таълим мекунанд.

Чунин Марказҳо дар Ҷумҳурии Лаҳистон 3-то мебошад.

Ҳангоми ташриф иштирокчиён ба отряди сарҳадӣ дар шаҳри Венгожево бо ташкили кор, инфрсохтор, таҷҳизот ва тарзи корбарӣ, инчунин сафарбар кардани ҳайати шахсӣ барои посбонӣ, истифодаи сагҳои хизматӣ ва ғайра.

Рӯзи 18 июн дар шаҳри Варшава ҷаласаи ҷамъбастии ташрифи шиносоӣ дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба бозгашти ихтиёрӣ доир гардид.

Дар ҷаласа дурнамоиҳои ҳамкории мутақобила ва идома додани корҳои муштарак баҳри таъмини бехатарии марзҳои давлатӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ карда шуд.