25 Апрел, 2024

Дарси хизматӣ дар ХШБ

Санаи 7 майи соли 2021 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дарси хизматӣ оид ба омӯзиши фармонҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2009, таҳти №629 б/з “Дар бораи ташкили хизмати басти навбатдории шабонарӯзӣ дар ВКД ва таҳти № 032 аз 20 марти соли 2008 “Дар бораи такмилдиҳӣ ва омодагии мақомоти корҳои дохилӣ ва қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Дарси хизматиро сарнозири шуъбаи оперативии Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ҳафизов Ҷамахон Саймаҳмадович гузаронид.

Дар саволҳои кормандон маърузачӣ ҷавобҳои дақиқ дод.