Рӯзҳои 18-20 апрели соли 2021 Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир тибқи супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва нақшаи корӣ дар доираи ба амал овардани вохӯриҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, алалхусус ноҳияи Мурғоб сафари хизматӣ анҷом дод. Дар сафар Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори ХШБ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, подполковники милитсия Давлатзода А. ҳамроҳӣ намуд.
Халилзода Ҳ.С. ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои Мурғоб ва Рушон ва дигар сохторҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандон дар давраи ҳисоботӣ шинос шуд.
Санаи 18 апрел Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. бо сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД ҶТ, подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ., сардори ХШБ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, подполковники милитсия Давлатзода А., муовини аввали Раиси ноҳияи Мурғоб Исрорзода И., сардори ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, подполковники милитсия Толибзода Б.Ҳ., намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи ноҳияи Мурғоб дар ҷамоати деҳоти Мурғоб, ноҳияи Мурғоб бо раисони ҷамоатҳо (6 ҷамоат), маҳаллаҳо, фаъолони ҷамоатҳо ва 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриҳо гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои будубош, истиқомат ва шаҳрвандӣ муҳоқима карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби Халилзода Ҳ.С. мазмун ва моҳияти талаботҳои Қонун ”Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” фаҳмонида карда шуд. Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд.
Инчунин, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД таъқид карда шуд, ки корҳои заруриро дар ин самт ба роҳ монда, мунтазам ҳисобот диҳанд.
Дар доираи сафар дар хадамотҳои номбурда фаъолият дар самтҳои ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.
Ба сохторҳои зертобеъ супориш дода шуд, ки фаъолият дар самти истеҳсолоти амалияи маъмурӣ ва муайян кардани шахсони дар кофтуков буда ҷоннок карда шавад. Қайд карда шуд, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад.
Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд.
Инчунин, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД таъқид карда шуд, ки корҳои заруриро дар ин самт ба роҳ монда, мунтазам ҳисобот диҳанд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ ҷиҳати пешгирии қабул намудани шаҳрвандии дигар давлат бидуни тарк намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд набудани Шартнома дар бораи душаҳрвандӣ гузаронида шудааст.
Ҳамзамон, Халилзода Ҳ.С. дар бораи оқибатҳои даст кашидани аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, чунин қайд намуд.
Шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳанд ё расман аз шаҳрвандӣ мебароянд, ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории миллӣ будубош менамояд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ичроия ва судӣ интиҳоб ва тайин шаванд, инчунин дар интиҳобот ва райпурсӣ иштирок намоянд.
Инчунин қайд карда шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳврандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” № 1471 аз 2 январи соли 2018 шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи хамчун моликият ба даст овардани манзили истиқоматиро надоранд.
Корҳо дар самтҳрми мухталиф идома доранд.