24 Апрел, 2024

Ҷаласаи тантанавӣ баҳшида ба Рӯзи Модар

6 марти соли с.2021 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавии бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид.

Дар баромади худ Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир дар бораи нақши муҳими зан – модар дар ҷомеъа ва хаёти ҳаррӯза қайд карда гузаштаанд.

Сардори Хадамот бо суҳани табрикотӣ баромад кард:

«Модарону бонувон ва духтарони азиз!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Яъне дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубон мебошад.

Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд.

Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст медорад, а-зиз мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.

Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд вам ан аз сидқи дил Шумоёнро табрику таҳният гуфта, тамоми ҳушиҳои зиндагӣ, бурборӣ, пешравӣ, саломатӣ, якдигарфаҳмӣ, рузҳои неку, рӯзғоги обдро бароятон таманно дорам”.

Дар фарҷоми ҷаласа Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД як қатор корманд-занонро бо медал, Ифтиҳорномаҳо ва Сипосномаҳо қадрдонӣ кардаанд.