Кӯшишҳои муштарак барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ

31-03-2021 с. дар бинои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҷаласаи навбатии давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоруссия ва Арманистон тариҳи видео-конфрос, дар мавзӯи амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикии муштарак ва амалиётҳои махсус доир ба муқовимат бо муҳочирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, таҳти унвони шартии «Нелегал – 2021» доир гардид.

Дар видео-конфронс муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков, Котиби КСБНМ СААД, Сардори ГУВМ ВКД Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова, инчунин намояндагони Вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои СААД, аз Ҷумҳурии Тољикистон муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ва муовини сардори ХШБ полковники милитсия Зумрад Абдулозода, вобаста ба пешгирии муњољирати ғайриқонунӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Котиби генералии СААД Валерий Семериков оғоз намуда, зикр кард, ки пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави давлатҳои аъзо, инчунин пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, савдои одамон аз ҷумлаи ҷиноятҳое мебошанд, ки мебояд ҳамаи мо дастаҷамъона бо онҳо мубориза барем. Аз ин хотир, роҳандозӣ намудани амалиёти оперативӣ-профилактикии «Нелегал – 2021» дар қаламрави давлатҳои аъзо айни муддао мебошад.

Инчунин, дар навбати худ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода ба иштирокчиёни кори конфронс барору комёбӣ таманно намуда, қайд кард, ки аз ҷониби мо нақшаи барнома ва бандњои дарбаргирифтаи он ба пуррагӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт. Аз он бармеояд, ки нақшаи таҳиягардида тамоми ҷабҳаҳои самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, муайяну дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳоро дар бар мегирад.

Дар рафти конфронс иштироккунандагон тибқи барномаи ҷаласа нақша ва марҳилаҳои баргузории амалиёти «Нелегал – 2021», мубодилаи иттилоот, ҳамкории мутақобилаи ҷонибҳо ва дигар пањлӯҳои мавзӯи баррасишавандаро мавриди муҳокима қарор доданд.