24 Апрел, 2024

Ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ Тоҷикистону Россия

Рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар ш. Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, аз қабили бастани созишномаҳои марбута, гузаронидани авфи муҳоҷиратӣ, ҷамъоварии маълумот, омӯзиши забон, таъриҳ, талаботи қонунгузории давлати қабулкунанда, вазъи аъзоени оилаҳои муҳоҷирон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳайати ҷониби Тоҷикистон аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазирони соҳаҳои афзалиятнок, роҳбарони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабарнигорони васоити аҳбори омма иборат буд.

4 феврали соли 2021 гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани маводҳои зарурӣ барои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ кори худро оғоз намуд.

Дар масъалаҳои танзими раванди муҳоҷират, ки дар доираи гурӯҳи корӣ баррасӣ шуданд иштирок доштанд: аз ҷониби Россия – кормандони Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия. Аз ҷониби Тоҷикистон: муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зумрад, муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсози муборизав бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои ҳавфноки ИДМ, Фатозода Абдусаттор, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Зоир Мирзоев, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Имомов Имомназар ширкат варзидаанд.

9 феврали соли 2021 дар ҷаласаи ҳайати махдуд дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Логвинович Оверчук ( Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагоа ДИП ҶТ, муовини сардори ХШБ ВКД иштирок доштанд), ки масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

  Татбиқи якдафаъинаи авфи муҳоҷирон, қонунигардонии мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои онҳо

 Масъалаи татбиқи авфи муҳоҷиратии навбатӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бардошта шуда буд.

         Аз рӯи маълумоти Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия дар солҳои 2017-2019 бо қарори суд аз ҳудуди Федератсияи Россия 66 687 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда 3 237 нафар депортатсия карда шудаанд. Ғайр аз ин, нисбати зиёда аз 150 000 шаҳрвандони мо барои хуқуқвайронкунии сабук қарор дар бораи манъи вуруд қабул карда шудааст.

Айни ҳол дар Федератсияи Россия 870 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд 252 ҳазор ворид шуда, будубоши минбаъдаро қонунӣ нагардонидаанд.

Дар ҳолати 31 декабри соли 2020 аз ҳудуди Федератсияи Россия зиёда аз 270 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон депортатсия ва манъи вуруд ба Россия шудаанд, аз онҳо 119 ҳазор – барои ҳуқуқвайронкунии сабук.

Аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки микдори афвшавандагон зиёд карда шавад, чунки аксарияти хуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи сабук дохил мешаванд.

           Дархостҳо

        Самти афзалиятноки хамкорихои мутақобилаи мо бо сохторхои дахлдори ВКД Россия ин расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ дар доираи Конвенсияи Минск аз 22 майи соли 1993 «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ» дар кушодан ва тафтиши чиноятхое, ки аз чониби шахрвандони Точикистон дар худуди Россия ва хамчунин шахрвандони Федератсияи Россия дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудаанд, мебошад.

Дар доираи татбиқи Конвенсияи мазкур Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ба дархостҳои гуногун (тасдиқ намудани шахсият, муайян намудани мансубият ба шаҳрвандӣ, гирифтани шиноснома, дастрас кардани шакли 1 ва дигар маълумотҳои лозима) мунтазам ва пурра ҷавоб медиҳад.

Мутобиқи моддаи 1 Конвенсия шаҳрвандони ҳар ду ҷониби аҳдкунанда, инчунин шахсони дигар, ки дар ҳудуди ҷонибҳо иқомат доранд, барои озодона ва бе монеъа муроҷиат намудан ба суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар муассисаҳои дигар ҷонибҳои аҳдкунандае, ки дар салоҳияти онҳо парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ тааллуқ доранд (минбаъд – муассисаҳои адлия), метавонанд муроҷиат намоянд.

         Мутобиқи моддаи 5 Конвенсияи мазкур ҳамчун мақомоти марказӣ барои муқотибот муассисаҳои салоҳиятдори адлияи ҷонибҳои аҳдкунанда муайян шудаанд.

 17 апрели соли 2017 Фармони Президенти Федератсияи Россия таҳти № 170 қабул шуд, ки тибқи Фармони мазкур мақомоти марказӣ, ҳавзавӣ, минтақавӣ, ва ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия барои муқотиботи бевосита ҳуқуқ доранд.

Ҳамчунин, мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2017 таҳти 270 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти маркази барои муқотиботи бевосита муайян шудааст.

Айни замон, новобаста аз мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқӣ барои муқотиботи бевосита, аксарияти дархостҳо аз мақомотҳои корҳои дохилӣ бо воситаи Вазорати адлияи Россия ирсол карда мешаванд. Баъд аз иҷрои дархостҳо, чавобҳо аз мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи Вазорати адлия равон карда мешаванд.

Ин раванд то се моҳ, дар ҳолатҳои алоҳида – то 6-8 моҳ вақтро мегирад, ки ва шаҳрвандони мо дар ин давра дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар натиҷа муҳоқимаи ин масъала муовини Сарвазири Федератсияи Россия нисбати кашол кардани иҷроиши дархостҳо эътироз баён намуда, ба намояндаи ВКД супориш дод, ки ин масъаларо бо тартиби корӣ халлу фасл карда, иҷроиши бечунучарои Фармони Президенти Федератсияи Россия таъмин намояд ва муқотиботи бевосита байни мақомоти марказӣ ва ҳудудии вазоратҳои корҳои дохилӣ ташкил карда шавад.

          Миёнаравон

Мушкилоти дигаре ҳаст, ки шаҳрвандони мо бо он ҳангоми қонунигардонии будубош ё ки фаъолияти меҳнатӣ дучор мешаванд, ин барасмиятдарории будубош, гирифтани иҷозат ба кор, патент, ба қайд мондани шиносномаҳо ва ғайра мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, надониста ба миёнаравҳо муроҷиат менамоянд, ки дар натиҷа бо ҷурми барасмиятдарорӣ ва истифодаи хуҷҷатҳои қалбақӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд.

Муҳоҷирони мо, аз сабаби надонистани забони русӣ, кофӣ набудани дониши ҳуқуқӣ, ба қаллобон муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа барои истифодаи хуҷҷатҳои қалбақӣ доғи судӣ мегиранд. Фоизи ин намуди ҷиноят кам набуда, ҷонибҳоро водор месозад, ки пеш аз сафар муҳоҷирони эҳтимолӣ бо омӯзиши забони рӯсӣ, талаботҳои қонунгузории давлати қабулкунанда, таҳдидҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ фаро гирифта шафванд, инчунин, ҷавобгарии корфармоёне, ки ғайриқонунӣ қувваи кориро истифода мекунанд ва шахсоне, ки схемаҳои қаллобиро татбиқ карда, бо роҳи фиреб фиреб маблағҳоии ғайриқонуниро ба даст меоранд, пурзӯр карда шавад .

Ҷониби Россия пешниҳодҳои моро дастгирӣ намуда, даъват кард, ки иттилоотонидани васеи муҳоҷирони эҳтимолиро дар бораи талаботҳои қонунгузории Россия, тартиби қонунигардонии будубош ва назорати ҷиддии фаъолияти сохторҳое, ки хизматрасониро дар ин самт пешниҳод мекунанд, ба роҳ монанд.

 Соати 16:30 рӯзи 9 феврал дар меҳмонхонаи “Комета” вохурӣ бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, генерал-лейтенанти полиция В.Л. Казакова барпо гардид.

Дар вохурӣ масъалаҳои реадмиссия, вазъи муҳочирони тоҷик ва аъзоёни оилаи онҳо, эҳтимолияти татбиқи авфи муҳоҷиратӣ, ташаккули механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ, таъсис додани филиали КВД (ГУП) “Хадамоти шиносномавию раводидӣ” барои омода кардани бастаи ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ва иҷозат ба кор пеш аз сафари муҳоҷирони тоҷик ва ғайра баррасӣ шуданд.

Пайгирии мавзӯи танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини муҳоҷирати муташаккилона ва бехатар идома дорад.