18 Апрел, 2021

Шиноснома – роҳҳат ба ҳаёти мустақил!

Ҷорӣ гардидани системаи шиноснома таърихи зиёда аз 80 сола дорад, аз ҷумла: таъсиси Хадамоти шиносномавию раводидӣ ба баҳисобгирии аҳолии собиқ давлати шуравӣ (СССР) алоқаи зич дорад. Мувофиқи декрети Кумитаи Марказии Иҷроияи Умумиросиягӣ (ВЦИК – Всероссийский Центральный Исполнительный Комитет) аз 25 июни соли 1919 ҳамаи шаҳрвандони РФСР, ки ба синни 16 солагӣ расидаанд, ӯҳдадор буданд, ки китобчаи мењнатӣ бо шиори махсус «меҳнаткаш нест, намехурад» «Не трудящийся да не ест» дошта бошанд. Дар ин китобчаи мењнатӣ ҷойи кор, инчунин ҷойи бақайдгирӣ дарҷ шуда буд.   4 майи соли 1923 аз ҷониби Комиссариати халқии корҳои дохилии РСФСР низомнома «Дар бораи бюрои суроғавӣ ва шӯъбаи суроғавӣ дар РСФСР» «Об адресных бюро и адресных столах в РСФСР» тасдиқ карда шуд, ки дар назди раёсатҳои шаҳрии милитсия барои бақайдгирии аҳолӣ ва додани маълумоти суроғавӣ таъсис дода шуда буданд.

Бо қарори Шӯрои комиссарони халқи РСФСР аз 28 апрели соли 1925 «Дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони шаҳрнишин» ӯҳдадорӣ пешбинӣ шуда буд, ки дар давоми 48 соат аз лаҳзаи ворид шудани шаҳрванд, дар шӯъбачаи милитсияи дахлдор оид ба он дар дафтари ҳавлӣ қайд карда шавад.

Бинобар индустрилизатсияи мамлакат, ки ба муњоҷирати оммавии аҳолии қувваи корӣ оварда расонд,  27 декабри соли 1932 аз ҷониби Раиси Комитети иҷроияи марказии СССР Калинин Михаил Иванович, Раиси Совети комиссарони халқи СССР Молотов Вячеслав Михайлович ва котиби  Комитети иҷроияи марказии СССР Енукидзе Авель Сафронович Қарор таҳти №57/1917 «Дар бораи муқаррар намудани системаи ягонаи шиносномавӣ ва бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳо дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ». 

Ҳамаи шаҳрвандони аз синни 16 болои СССР, ки ба таври доими дар шаҳрҳо, шаҳрчаҳои коргарӣ истиқомат намуда, дар нақлиёт ва совхозҳо кор мекунанд, ӯҳдадор буданд шиноснома дошта бошанд. Аҳолии деҳаҳои мамлакат бо шиноснома таъмин карда намешуданд (бағайр аз аҳолие, ки дар даҳкилометраи минтақаи сарҳадӣ истиқомат мекарданд).

Ҳамзамон, бо қарори мазкур 27 декабри соли 1932 қарор «Дар бораи таъсиси Сарраёсати милитсияи коргару – деҳқони назди Раёсати давлатии иттиҳоди сиёсии СССР» ба табъ расонида шуда буд. (Объединённое государственное политическое управление при СНК СССР) Ин мақомот барои роҳбарии умумии кори раёсатҳои милитсияи коргару – деҳқони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, инчунин барои дар тамоми Иттифоқи Советӣ ҷорӣ намудани системаи ягонаи шиносномавӣ, ба қайд гузоштани шиносномаҳо ва барои бевосита роҳбарии масъалаи паспортноккунии мамлакат, таъсис дода шуда буд.

Варақаи ҳуҷҷат бо Қарори Совети вазирони СССР аз 28 августи соли 1974 таҳти №677 «Дар бораи тасдиқи низомнома оид ба системаи шиноснома дар СССР» тасдиқ карда шуда буд. Ин қарор бори аввал дар таърихи империяи Россия ва СССР ҳамаи шаҳрвандони советиро, ки ба синни 16 расидаанд, вазифадор намуд, ки шиноснома дошта бошанд.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади тарбияи насли наврас, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии аҳолӣ дар таври мунтазам шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ ба хонандагон ва хатмкунадагон месупорад.

Баҳри иҷрои супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. ба таври мунтазам чорабиниҳои муҳим дар самти кор бо аҳолӣ, махсусан  ҷавонон, гузаронида мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ мавсими омодагӣ ба супоридани имтиҳон дар Маркази тестӣ ва ҷамъоварии хуҷҷатҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии олӣ идома дорад ва ҳар як довталаб пеш аз ҳама бояд шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад.

Дар сурат: супоридани тантанавии шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонанадагони мактаби миёнаи шаҳри Турсунзода № 18 аз ҷониби сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии шаҳри Турсунзода, подполковники милитсия Ҳайдарзода Бахтиёр.

Хотиррасон менамоем, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ӯ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мебошад.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ӯҳдадор мебошанд, то ки шиноснома дошта бошанд.

Шиносномаро ба расидани синни 16 сол гирифтан зарур аст.

Шиноснома ба шаҳрвандон дар воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар асоси қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатӣ дода мешавад.

Шиноснома ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

Хироҷ барои додани шиноснома ба маблағи 10 доллари ИМА муқаррар шудааст ва бо асъори миллӣ бо қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи супоридани маблағ пардохт карда мешавад.

Аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома шахсони зерин озод мебошанд:

  • иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда;
  • нафақахурон;
  • маъюбони гурӯҳи I ва II.