18 Апрел, 2021

Дарси хизматӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

Санаи 12 феврали соли 2021 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати риояи катъии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ машғулияти хизматӣ баргузор гардид.

Дар давоми дарс кормандони ХШБ ВКД бо омӯзиши Супориши Вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 23/5-9846 аз 16 ноябри соли 2020 фаро гирифта шудаанд.

Дарсро сардори шуъбачаи амалияи маъмурӣ РБДА ВКД, подполковники милитсия Ҳасанзода Амирхон гузаронид.

Дар доираи мавзӯъи дарси хизматӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Худи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, таҳти № 323 тасдиқ шудааст.

Зимни баромади худ Ҳасанзода А. Мутобиқи Қоидаҳо тартиби ягонаи ҳаракатро бо тарафи рост дар роҳҳои Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Иштирокичиёни ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард – шахсоне, ки дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипеедрон, чорворон, аробакаш ва шахсонидигар ширкат меварзанд, мебошанд.

Ронанда ҳуҷҷатҳои зе5ринро бо худ дошта бошад ва ба талаби қонунии корманди БДА барои санҷиш пешниҳод менамояд:

Шаҳодатномаи ронандашӣ, талони қайди қоидавайронкунӣ, иҷозатномаи муваққатӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, шаҳодатномаи бақайдгирӣ, талонисанҷиши техникӣ, иҷозати истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ваколатнома, ҳуҷҷат дар боари суғуратаи ҳатмии масъулияти шаҳрванӣ, роҳҳат, борхат, иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолият, варақаи назоратӣ.

Ба ронанда манъ карда мешавад:

  • ҳангоми боздоштани воситаи нақлиёт, онро бе иҷозати корманди бозрасии давлатии автомобилӣ, ки ӯро боздошт кардааст, тарк намояд;
  • – мдора намудани воистаи ниқлиёт дар ҳолат мастӣ (мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва монанди инҳо), таҳти таъсири доруҳое, ки таассур ва диққатро суст мекунад, дар ҳолати беморӣ ё ҳастагӣ, ки ба бехатарии ҳаракат таҳдид намояд;
  • – истеъмол намудани машруботи спиртдор, маводҳои нашъаовар, псхотропӣ ва дигар маводҳои мадҳушкунанда, баъд аз содир шудани ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки иштирокчии он мебошад, ҳамчунин баъд аз он, ки воситаи нақлиёт, ки бо талаби корманди БДА боздошта мешавад то гузаронидани ташхис барои муайян намудани ҳолати мастӣ ё то қабул намудани қарор оид ба озод намудани ӯ аз чунин ташхис;
  • иштирок намудан дар раванди ҳаракат бо воситаи нақлиёти ифлос, ки дидашавандагиро барои ронанда маҳдуд месозад;
  • – ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт истифодабарии телефонҳои мобилӣ, ки бо асбобоҳои техникии бе ёрии даст бурдани гуфтугӯйро таъминкунанда, ҷиҳозонида нашудаанд ба истиснои ронандагони воситаҳои нақлиёти оперативӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии таъҷилӣ), инчунин истифодав бурдани таҷҳизоти экрандори намоишдиҳанда дар қисми пеши дохили воситаи нақлиёт ва ғайра.

Инчунин, баромадкунанда аз фаъолияти шуъбача дар самти амалии истеҳсолоти маъмурӣ суханронӣ намуд.

Ба саволҳои кормандони ХШБ Ҳасанзода А. ҷавобҳои дақиқ дод.