23 Апрел, 2024

Дарси хизматӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

Санаи 26 феврали соли 2021 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси хизматӣ дар мавзӯи омӯзиши Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ аз 7 ноябри соли 2019 таҳти № 752 б/з “Дар бораи Дастурамал оид ба таъмин кардан, нигоҳ доштан, ба қайд гирифтани силоҳи оташфишон дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо маърузаи муфассал корманди кафедраи тактикаи махсус ва омолагии ҷисмонии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Айдархонзода Шукрихудо баромад намудаанд.

Дар маъруза инчунин дар бораи тарзи дурусти истифодаи силоҳи оташфишон ва риояи талаботи бехатарӣ ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Баромадкунанда ба саволҳои кормандон ҷавобҳои дақиқ дод.