18 Апрел, 2021

Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки давлатҳои ИДМ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Рӯзи 17 феврали соли 2021 ҷаласаи 23-уми Комиссияи муштараки давлатҳои иштирокдори Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар тарики маҷозӣ барпо гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Чумҳурии Казоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштаанд.

Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, Сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони ХШБ ВКД, полковники милитсия Ҷоми Мирзозода, Муовини сардори шуъбаи назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, подполковники милитсия Шамсулло Ҷобирзода ва   намоядагони Вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок намудаанд.

Рӯзномаи ҷаласа саволҳои зеринро дар бар гирифт:

– дар бораи таҷрибаи давлатҳо дар муқовимат бар зидди ҳуқуқваройнкунӣ вобаста ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар шароити пандемияи COVID-

 – дар бораи масъалаҳои бахсталаб вобаста ба татбиқи Созишномаҳои амалкунанда дар бораи реадмиссия;

 – дар бораи андешидани чораҳо баҳри такмили ҳифзи техникии шиносномаҳо, раводидҳо ва дигар хуҷҷатҳое, ки барои убури сарҳади давлатҳои иштирокдори ИДМ истифода бурда мешавад

 – дар бораи ҳисоботи Комиссияи муштараки давлатҳои иштирокдори Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар маҷлиси намояндагони ваколатдори давлатҳо иштирокдори ИДМ назди мақомотҳои оинномавии ИДМ;

 – баррасии лоиҳаҳои Нақшаи фаъолияти Комиссияи муштарак дар соли 2021, пешниҳодҳо оид ба макон ва санаи гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак.

Оид ба саволи 1 Рӯзнома

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон таҳти 1544 5 июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соіаіои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон дода шуд, ки:

– барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;

– ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;

– то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.

Яъне,нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ин давра қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудаанд, чораҳои маъмурӣ татбиқ карда намешаванд ва онҳоро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ депортатсия намекунанд.

11 июли соли 2020 Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 401 “Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидааст.

 Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1.   Г урўҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурўҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди аққал кумаки яквақта расонида шавад (замима мегарданд).
  2.   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуҳли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии-ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рўйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тибқи замимаи ҳамин қарор ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пешниҳод намоянд.

Мутобиқи Қарори мазкур аз ҷониби Хадамоти  шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ рӯихати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз гурӯҳи осебпазир тартиб дода шуда, ба 300 оила кумаки молии якдафаина расонида шуд.=

Оид ба саволи 2 Рузнома:

Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тулонӣ дар марҳилаи баррасӣ ва муҳоқима қарор дорад ва аз сабаби набудани тачриба дар татбиқи чунин Созишномаҳо ҷониби Тоҷикистон аз баимзорасонии Созишномаи мазкур худдорӣ мекунад.

Дигар паҳлӯи баррасии тулонии лоиҳа – ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оиди дар ҳамбастагӣ бо Шартномаи дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа баимзорасонии Созишнома дар бораи реадмиссия мебошад.

Ҷониби Россия аз баимзорасонии Шартномаи дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа худдори мекунад, чунки оқибатҳои татбиқи Шартномаи мазкур ба манфиати Россия нест.Айни замон, байни сохторҳои марбутаи Россияву Тоҷикистон лоиҳаи нави Созишномаи дуҷониба дар соҳаи таъминоти нафақа дар марҳилаи муҳоқима қарор дорад ва эҳтимол аст, ки ҳамин Созишномаро дар ҳамбастагӣ бо Созишнома реадмиссия барои ба имзо расонидан пешниҳод карда мешавад.

Аз чониби Тоҷикистон ба Федератсияи Россия лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди ҷонибҳо ҳамчун пакет пешниҳод шудааст. Ин Созишнома низ ба манфиати ҷониби Россия набуда, хатто расмиёти дохилидавлатиро нагузаштааст ва аз баиимзорасонии ин лоиҳа низ ҷониби Россия худдорӣ мекунад.

Оид ба омӯзиши тачрибаи мамлакатҳое, ки донори қувваи корӣ мебошанд, маълум гашт, ки ин давлатҳо Созишнома оид ба реадмиссия бо Федератсияи Россия ба имзо расонидаанд ва тачрибаи татбиқи Созишнома нишон медиҳад, ки таҳвили шаҳрвандони ин мамлакатҳо бо тартиби реадмиссия характери оммавӣ надорад. Дар қисми хароҷот барои реадмиссия мутобиқи нишондоди моддаи 8 Созишнома хароҷоте, ки бо реадмиссия ва мушоияти имконпазири ашхоси дар банди 1 моддаи 2-и ҳамин Созишнома, то нуқтаи гузарномавӣ (иҷозатдиҳӣ) тавассути сарҳади давлатии давлати Тарафи дархостшаванда, Тарафи дархосткунанда ба дӯш дорад, агар ашхоси зикршуда, ҷониби сеюм ё шахсони сеюм хароҷотро мустақилона пардохт карда натавонанд. Яъне, сарбории молиявиро ба шахси реадмиссияшаванда, корфармо, диаспора, ташкилоти қабулкунанда ва дар охир ба ҷониби дархосткунанда меоварад.

Дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа омадаанд, ки ВКД-и Россия маълумотҳои оморӣ оид ба микдори шаҳрвандони дигар мамлакатҳо, ки реадмиссия шудаанд, зарурати равон намудани дархостҳо, хароҷоти реадмиссия ба ҷониби мо ирсол менамояд.

 Инчунин, лоиҳаҳои дигар Созишномаҳо дигар ва эҳтимолияти татбиқи авфи муҳоҷиратӣ муҳоқима карда шуданд.

Оид ба саволи 3-юми Рӯзнома

 Бо мақсади таъмини муҳоҷирати бехатар, Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмили ҳифзи техникии шиносномаҳо, раводидҳо ва дигар хуҷҷатҳое, ки барои убури сарҳади давлатҳои иштирокдори ИДМ истифода бурда мешавад, чораҳои ҷиддӣ меандешад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои хориҷӣ, дорои ҳомили электронии иттилоот (дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандӣ) барасмият дароварда мешаванд.

Шиносномаҳои хориҷӣ, дорои ҳомили электронии иттилоот соли 2009 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009 таҳти № 624 “Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷӣ, дорои ҳомили электронии иттилоот”

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2010 таҳти № 16 намунаҳо, тасниф, ҳифзи технологии варақаҳои шиносномаҳо тасдиқ карда шуд.

Қоидаҳои барасмиятдароӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 таҳтии № 294 тасдиқ шудаанд.

Ҷамъоварии маълумот барои барасмитядарории шиноснома аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои сохтории он амалӣ карда мешавад.

Маълумоти ҷамъшуда ба Маркази персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол карда мешавад.

Шиноснома шахсан ба шаҳрванд дода мешавад ва имзо дар тарики электронӣ сабт карда мешавад.Шиноснома ба муҳлати 10 сол дода мешавад.

Баҳисобгирии шиносномаҳои додашуда мутамарказонида ва автоматикикунонӣ амалӣ карда мешавад.         20 сентябри соли 2013 Фармони Президенти Ҷумҳуприи Тоҷикистон таҳти № 1519 дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификиқионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҳуҷҷатҳои насли нав пурра ба талаботҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (IKAO) мутобиқат мекунанд.

Оид ба саволи 4 Рӯзнома

Дар бораи корҳо оид ба омодаги ба ҳисоботи Комиссияи муштараки давлатҳои иштирокдори Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар маҷлиси намояндагони ваколатдори давлатҳо иштирокдори ИДМ назди мақомотҳои оинномавии ИДМ иштирокчиёни ҷаласа шинос шудаанд ва Котиби Комиссияи муштарак дар ин ҷода шунида шуд.

Оид ба саволи 5 Рӯзнома

Ба иштирокчиён лоиҳаҳои Нақшаи фаъолияти Комиссияи муштарак дар соли 2021, пешниҳодҳо оид ба макон ва санаи гузаронидани ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак пешниҳод карда шуд ва баъд аз муҳоқима пешниҳодҳои мазкур маъқул дониста шудаанд.