Сафари хизматии Сардори ХШБ ба вилояти Суғд

   Рӯзҳои 31 январ-5 феврали соли 2021 сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир бо гурӯҳи кормандони ХШБ тибқи супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дар доираи ба амал овардани санҷишҳои нақшавӣ ва ногаҳонӣ бо расонидани кӯмаки амалӣ, ба вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дод.
Номбурда ба сохторҳои зертобеъи ХШБ дар ноҳияҳои, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда аз кору фаъолияти кормандон дар давраи ҳисоботӣ шинос шуд.
Дар сохторҳои номбурда фаъолият дар самтҳои омодабошӣ ба чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода, ба қайд гирифтани иҷоранишинон, будубоши муваққатӣ, раванди ба расмият даровардани шиносномаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаҳои хориҷӣ, кабули дурусти шаҳрвандон ва муомилаи хуб бо онҳо, шароити хизматбарӣ ва ташкили кор дар тамоми самтҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.

     Қайд карда шуд, ки дар доираи омодабошӣ ба чорабиниҳои сиёсӣ, кормандон зираки сиёсиро аз даст надода, доимо хушёр ва баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқу кордон бошем.

    Инчунин, дар рафти сафари хизматӣ фаъолияти сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД дар самти ташкили ҷустуҷӯи шахсоне, ки дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доранд ва аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, қарздорони давлатӣ ва шахсоне, ки бо хешовандон робитаҳоро гум кардаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Вобаста ба он камбудиҳое, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор гардид ҷиҳати бартарафнамоии он аз ҷониби Сардори ХШБ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Номбурда таъкид намуд, ки назорат аз болои рафтуомади шаҳрвандон ва шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии онҳо пурзур карда шавад.

        Инчунин супориш дода шуд, ки фаъолият дар самти истеҳсолоти амалияи маъмурӣ ҷоннок карда шавад.

      Қайд карда шуд, ки фаъолият дар ин самтҳо такмили ҷиддӣ ва таҷдиди тарзи фаъолиятро талаб мекунад.

   Дар вохӯрӣ бо кормандон барои роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, саривақт ва бекашолкорӣ таъмин намудани аҳолӣ бо шиносномаҳо, бори дигар талаботҳои фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2006с. таҳти №1 “Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққатонаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вахизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон” ёдрас карда шуд.
Ба сардорони хадамотҳои зертобеъ ҷиҳати фаъолият вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғариқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” супоришҳои катъӣ дода шуд ва барои иттилоотонидани аҳоли дар бораи моҳияти Қонуни қабулшуда гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба масъулин вогузор карда шуд. Инчунин, оид ба муайян кардан шахсоне, ки дар ҷумҳурӣ будубоши ғайриқонунӣ доранд ва тезонидани ҷамъоварии дархостҳо супориши ҷиддӣ аз ҷониби Сардор дода шуд.

        Дар доираи сафар бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ вохурӣ бо фаъолони ҷамоатҳоиноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”ташкил ва барпо карда шуд.

          Дар вохурӣ масъалаҳои муайян намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки солҳои тулонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ будубош доранд, коҳиш кардани раванди гирифтани шаҳрвандии давлатҳои ҳамсарҳад, риояи қонунгузории амалкунанда, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ гардидаанд.

          Дар давоми сафари хизматӣ семинар-машварат бо иштироки шаҳрвандон, кормандони шуъбаи идеологияи ҳукумати вилояти Суғд, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус, таъмини аҳолӣ бо шиносномаҳо, талаботи қонунгузорӣ дар бораи риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масалаҳои муҳим ташкил ва гузаронида шуд.

        Дар доираи амалӣ намудани ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили маълумот дар бораи шахсони таҳти амали Қонун фаро гирифташуда, ҷаласаи машваратӣ барои кормандони сохторҳои дахлдори ХШБ пешбинӣ карда шудаст.

    Инчунин, баҳри иҷроиши супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба пешгирии аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 ба сохторҳои зертобеъи ХШБ ВКД таъқид карда шуд, ки корҳои заруриро дар ин самт ба роҳ монда, ҳар хафта ҳисобот диҳанд.

          Ба масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ дастур дода шуд, ки низоми хизмат, пӯшидани сару либоси низомӣ, муомилаи хуб бо шаҳрвандон ва ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, тамаҷӯӣ пешгирӣ карда шавад.