23 Апрел, 2024

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамот дар соли 2020 баргузор гардид

6 январи соли 2021 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласа барои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ХШБ ВКД дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Муовини вазири корҳои дохилӣ, сарпарасти соҳа, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Б.П., Сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилзода Ҳ.С., муовинони сардор, сардорони шӯъбањои дастгоњи ХШБ, сардорони ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон, (минтақаи Кулоб), минтақаи Рашт, ШВКД дар ноњияњои шањри Душанбе ва НТЉ ҳузур доштаанд.

Ҷаласаро бо суҳани ифтитоҳӣ муовини вазир Ҳамидзода Б.П. оғоз намуда, суҳани навбатиро ба Сардори ХШБ ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳ.С. дод. Сардори ХШБ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ХШБ ВКД ва дурнамоиҳои кор дар самтҳои мухталифи фаъолият барои соли 2021 аҳборот дод ва оид ба фаъолияти хизматӣ дар соли 2020 гузориш дода, қайд кард, ки супоришҳои Ҳукумат ва Вазири корҳои дохилӣ иҷро пурра гардиданд.

Инчунин, Сардор оид ба масъалаҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, таъмаҷӯӣ, қаллобӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо, муоширату муносибати дуруст бо шаҳрвандон, хусусан шаҳрвандони хориҷӣ, маъракаҳои сиёсии соли 2021, пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои талаботҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02 соли 2019 таҳти №64 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 ва ғ. гуфта гузаштаанд.

Барои пешниҳоди маълумоти муфассал, ба сардори шуъбаи таҳлилӣ-ҳуқуқӣ, полковники милитсия Раҷабзода Б.Ш.суҳан дода шуд .

Дар баромад Раҷбзода Б.Ш. натиҷаҳои кории ҳар як шуъба ва дар тамоми самтҳо маълумоти муфассал барои иштирокчиён пешбарӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии ташхиси ҳуқуқӣ анҷом дода шудааст.

Санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия ва баъзеи онҳо ба тасвиб расонида шуданд:

  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2020 таҳти №103 ба имзо расонида шуд;
  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03 соли 2020 таҳти №207 ба имзо расонида шуд;
  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05 соли 2020 таҳти №294 тасдиқ карда шуд.

– лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни           Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва таҳти №1699 ва №1700 аз 4 июли соли 2020 ба имзо расонида шуд.

– лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;

  • лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳо мувофиқа карда шуд;
  • Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Дастурамал доир ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия карда шуда, санаи 11 феврали соли 2020 таҳти № 66 б/з ба имзо расонида шуд (дастурамали мазкур ба теъдоди 200 китобча ба чоп расонида шуда, ба воҳидҳои поёнии ХШБ дастрас карда шуд);
  • Фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби баррасии масъалаи муайян намудани мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо мансубияти шахс ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» таҳия карда шуда, аз санаи 13.02 соли 2020, №81 б/з, аз 14.02 соли 2020, №086, аз 13.02 соли 2020, №7 ба имзо расонида шудааст;

– лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №294» таҳия карда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

– лоиҳаи Дастурамали муштараки ВКД ва ВКХ “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва бо Фармоиши Вазири корҳои доҳилӣ таҳти №750   аз 4 декабри соли 2020 тасдиқ карда шуд;

– лоиҳаи Дастури методӣ “Оид ба барасмиятдарории иҷозати зисти доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани гувоҳномсаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд” таҳия ва бо Фармоиши Вазири корҳои доҳилӣ таҳти №  760 б/з аз 12 декабри соли 2020 тасдиқ карда шуд.

– лоиҳаи Дастури методӣ «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тољҷкистон» таҳия ва бо Фармоиши Вазири корҳои доҳилӣ таҳти № 775 аз 20 декабри соли 2020 тасдиқ карда шуд.

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои соли 2020 дар фаъолияти хизматии ХШБ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, минтақа ва ноҳияи Рашт  санҷиш ва расонидани ёрии амалӣ анҷом дода шуд.

Санаи 28-уми ноябри соли 2020 дар мавзӯи “Ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҳамкории ХШБ бо Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ  ва Раёсати таҳқиқи ВКД” семинар-машварат баргузор карда шуд. Инчунин, санаи 25 декабри соли 2020 бо иштироки кормандони дастгоҳи ХШБ оид ба “Рӯзи шиноснома” конфронси ҷашнӣ гузаронида шуд.

Нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 892 маротиба (соли 2019-1245 маротиба) амалиётҳо гузаронида шуда, нисбати 307 нафар (соли 2019 нисбати 486 нафар) шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи умумии 365 њазору 524 сомонӣ (соли 2019 – 1.165.730  сомонї)  ҷарима ситонида шуд. Аз ҷумла 31  нафари онҳо (соли 2019- 180 нафар) тибқи қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

Дар хотимаи маҷлис супоришҳои катъии Роҳбари давлат, Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба саҳми ҳайати шахсӣ расонида шуд.