28 Январ, 2021

Солҳое, ки ба касби дустдошта баҳшида шуд

          Ҳар нафаре, ки дар пешаи интихобнамудааш бо ҳисси баланди масъулият, хоҳишу дилбастагӣ ба касб фаъолият намояд натанҳо миёни ҳамкорон ҳурмату эҳтиром, балки дар ҷомеа низ ҷойгоҳи хосси худро меёбад.

         Корманд мутахассиси калони Бюрои суроғавию-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ прапоршики калони милитсия Қурбонова Малика Пайшанбиевна тӯли 25 сол дар Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию-бақайдгирии ВКД фаъолият мекунад.

          Малика Қурбонова мегӯяд, то ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор омаданам дар дигар корхонаҳои давлати низ фаъолияти меҳнатӣ намудаам. Соли 1986, пас аз хатми мактаби миёна ба литсейи касбии №9-и шаҳри Бохтар (имрӯза Кӯшониён) дохил шуда ва соли 1989 бо ихтисоси ресанда онро бомуваффақият хатм намудам.

          Албат ҳамеша омӯхтан дигар асту дар амал дидану иҷро кардани самти омӯхташуда дигар, зеро дар амал аз нозукиҳои кор, равиши иҷрои босамари он огоҳӣ пайдо менамоӣ.

         Ба ҳамин хотир, пас аз итмоми касбомӯзӣ соли 1989 ба ҳайси ресанда ба фабрикаи ресандагии шаҳри Бохтар ба кор даромадам. Се сол дар ин коргоҳ фаъолияти меҳнатӣ намудам. Аз соли 1990 то соли 1995 дар корхонаву идораҳои гуногуни давлатӣ дар шаҳри Бохтар ба ҳайси котиба коргузор, ҳуҷҷатнигор, корманди шуъбаи кадрҳо низ кор намудаам мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

          Ман кайҳо боз, ҳанӯз аз даврони мактабхониам мехостам корманди милитсия шавам, аммо фурсат ва ё имконият даст намедод, ки ин орзуи ниҳониамро амалӣ созам.

       Мегӯянд ба ҳар коре ё рӯйдоде касеву чизе сабаб мегардад ва дар зиндагии шахс дигаргуние рух медиҳад. Айнан ҳамин тавр дар зиндагии ман Урия Қурбонова, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ буд сабаб шуду ман корманди ин сохтори бонуфузи кишвар гардидам.

       У. Қурбонова маро барои кор кардан тавсия дод ва инак бо дастгирии ӯ соли 1995 ман ҳамчун коромӯз ба Бюрои суроғавию маълумотдиҳии ВКД ба кор омадам. Мӯҳлати коромӯзии ман дер давом накард зеро он вазифаҳое, ки назди ман гузошта мешуд ба хуби аз иҷрояшон мебаромадам, бо ҳуҷҷатгузорӣ шинос будам аз ин лиҳоз аввалан ба ҳайси корманд мутахассис ва баъдан дар вазифаи корманд мутахассиси калон таъин гардидам.

        Касби пешанамудаамро дуст медорам ва кӯшиш менамоям, ки дар иҷрои он ҳамеша пешравӣ намоям, саривақт ва дар сатҳи лозима ба талаботи роҳбарият ҷавобӯ бошанд, гарчанде солҳои аввали кориам вобаста ба давру замон солҳои мушкил буд, бахуссус барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, лекин ба ҳамааш сабр намуда корамонро пеш мебурдем.

        Инак 25 сол мешавад, ки ман дар ин сохтор фаъолият дорам ва дар тӯли фаъолияти худ чандин кормандони ҷавонро бо корбарӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар самти фаъолият, иҷроиши дархосту супоришҳоро омӯзонидем ва имрӯз онҳо низ дар самти худ мутахассис гардидаанд.

         Мехостам ба ҷавонон, хусусан кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ донанд, ки барои сарбаланду пешрав ва бомуваффақу кордон шудан аввалан касби пешанамудаатонро дӯст доред, сидқан бо виҷдони пок вазифаҳои ба зимаатон гузошташударо иҷро намоед, дар ин сурат шумо ба зинаҳои баланди хизматӣ ноил мегардед.

То метавонед ҳамеша аз донишу андарзи кормандони бособиқа, мутахассисони соҳа ва ё собиқадорони самти фаъолияти худ истифода баред. Зеро онҳо таҷрибаи бою ғанӣ доранд ва ҳамеша роҳбалади устуворе ҳастанд.