20 Апрел, 2024

Ҷорабиниҳо баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

         Дар давоми 11 – моҳи соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони ХШБ ва воҳидҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи баррасии аризаи шаҳрвандон оид ба гирифтани шиносномаҳо, барои саривақт бақайд нагирифтани шиноснома, маскуният бе шиноснома, гум кардани шиноснома ё корношоям гардонидани он,  инчунин гузаронидани амалиётҳои реҷаи шиносномавӣ ва гузаронидани амалиёт оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, нисбати 82830 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ (соли 2019 – нисбати 99753 нафар) тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

      Барои ҷоннок намудани кор дар ин самт, дар Хадамоти шиносмномавию бақайдгирии вазорат гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, мунтазам санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии оид ба таъмини риояи талаботи қонунгузорӣ қоидаҳои будубош аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин ташкилотҳои қабулкунанда ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

  Сардори шуъбаи кор бо шиносномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Миршамсзода Манучеҳр зимни сӯҳбат иброз дошт, ки агар ҳар як шањрванд, новобаста дар кадом мақом аст, ё роҳбари коргоҳе ва ё корманди одӣ, фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба роҳ монда ва ҳар як талаботи қонунгузориро дуруст баҳо орад, натанҳо ба манфиати худи коргоҳ, балки ба давлату ҷомеа низ манфиати худро мерасонад.

       Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилӣ ва дастуру супориши роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, ҳайати шахсии шуъбаи корҳои шиносномавии ХШБ дар ҳамбастагӣ бо кормандони дигар бахшҳои ин ниҳод, баҳри ошкору пешгирии қонуншиканӣ, риояи талаботҳои қонунгузорӣ оид ба истифодабарии дурусти шиноснома, сабти қайди ҷойи зист, риояи мӯҳлати эътибори истифодабарии шиноснома ва дигар талаботҳое, ки қонунгузорӣ талаб менамояд дар корхонаву идораҳо ва ташкилоту ширкатҳо, тарабхонаву марказҳои савдои ҳудуди шаҳри Душанбе санҷишҳои мақсаднок доир намуда истодаанд.

        Дар рафти санҷишҳои муштарак аз санаи 11-ум то 26-уми декабри соли равон, ки дар як қатор корхонаву ширкатҳо гузаронида шуд муайян гардид, ки бархе аз роҳбарон ва кормандони муассисаву ширкатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд.

        Аз љумла дар ҶДММ «Маҳин», ки ба хизматрасонии хатсайрҳои дохили шањрӣ фаъолият менамояд, роҳбари корхона 7 нафар шањрвандонро дар асоси шартнома ба ҳайси ронандаи нақлиёти мусофирбар, бе шиносномаи шаҳрвандии Ҷуҳурии Тоҷикистон, бидуни қайди ҷойи зист ва ё бо шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996, ки мӯҳлат эътиборнокии истифодабарӣ ба кор қабул намудааст.

        Ё ин ки роҳбарияти ҶДММ «Бухоро-палас», ки дар ин коргоҳ 80 нафар корманд фаъолият менамоянд, зимни санҷиш муайян гардид, ки аз ин теъдод 14 нафар кормандро тибқи шартнома бо шиносномањои муҳлаташон гузашта бакор қабул намудаанд.

      Ба ин монанд роҳбарияти ҶДММ «Себистон 2018», барои пешбурди самти фаъолияти ҷамъияти мазкур 19 нафар шаҳрвандонро тибқи шартнома бо шиносномањои қайди ҷойи зисташон шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ВМКБ, инчунин минтақа ва ноҳияҳои Рашт ба кор қабул намудаанд.

    Дар умум то ба имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисдодашуда 31 корхонаву ҷамъиятҳо, ширкату тарабхонаҳо мавриди санҷиш қарор гирифта нисбати 25 нафар роҳбарон ва масъулини онҳо бо моддаи 495, қисми 1 ва нисбати 24 нафар шаҳрвандон, ки дар тарабхонаву ошхонаҳо фаъолият менамоянд бо қисми 1-и моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шудаанд.

       Санҷишҳои муштарак дар ин самт идома дорад.