28 Январ, 2021

Такмили манбаи қонунгузорӣ дар самтҳои мухталифи фаъолият

26 декабри соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти дастгоҳи марказии хадамот, сардорони шуъбаҳо ва ҳайати шахсии ин ниҳод оид ба омӯзиш намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти бақайдгириву шиносномадиҳие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷамъомад доир гардид.

Чорабиниро сардори хадамоти мазкур полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оғоз намуда, аввалан ҳозирин ва тамоми кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва собиқадорони ин ниҳодро, ки солҳои тӯлонӣ дар ин самт фаъолият намуда, дар пешрафти ин соҳа саҳми назарраси худро гузоштаанд, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти ХШБ ба Рӯзи шиноснома муборакбод гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ таманно намуд.

Дар идома сардори хадамот аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри пешрафти фаъолият ва фароҳам овардани тамоми шароити кориву маишии кормандон дар ҳамаи самтҳои мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус дар пешрафту таъминоти ҳамаҷонибаи ХШБ ва воҳидҳои поёнии он дар ҷумҳурӣ арзи сипос намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар баробари ҳамаи ин дастгириҳо ҳар яки мо бояд сидқан вазифаҳои ба зимма доштаамонро ба ҷо орем, ҳамеша бо шаҳрвандон дар муомилаву рафтор намуна буда, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва он санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, дастурамалҳои муштарак ва дастурамалҳои методии самти фаъолияти ХШБ-ро сармашқи корӣ намуда, ҳамеша мавриди омӯзиш қарор диҳем.

Дар идома сардори шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқӣ полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода оид ба дастовардҳои ХШБ, аз ҷабили таҳияи чандин лоиҳаҳои қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самти фаъолият ва сардори шуъба оид ба корҳои шиносномавӣ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода оид ба таърихи бахши шиносномавӣ ва пешравиҳои самти фаъолият баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар идомаи ҷамъомад аз ҷониби сардори ХШБ полковники милитсия Ҳусейн Халилзода ба як қатор кормандон, ки ба фаъолияти назаррасу натиҷаҳои хуби хизматӣ ноил гардидаанд, бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ Сипосномаву Раҳматномаҳо супорида шуд.